Ru  | Tj
Ҳамлаи бабри сафед ба чорвои майда

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳамлаи бабри сафед ба чорвои майда
Расм аз Манбаъҳои озод

Ҳамлаи бабри сафед ба чорвои майда

Нашр шуд

Бабри сафед дар Вилояти Бадахшон ба оғилҳои аҳолии маҳалли ҳамла карда 45 сар чорворо ба ҳалокат расондааст, гуфта шудааст дар сомонаи АМИТ “Ховар”.  

Бинобар сардиҳои мавсимӣ ва боридани зиёди барф дар минтақа бабрҳои сафеди солхурда ба мушкилотҳо дар шикори худ дучор шуданд ва аз ҳамин сабаб роҳи осон, яъне ҳамла ба оғилҳоро пеша карданд. Гунаҳгори ин ҳодиса аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дастгир шуда, дар ҷойи бехавф ва аз маҳаллаҳои зист дуртар раҳо карда шуд.

Оилаҳои ҷабр дида аз тарафи ҳукумати ноҳия ҷуброн хоҳанд гирифт.

Бабри сафед ҳайвони  нодире мебошад, ки ба китоби сурхи ҳайвоноти ҷаҳон ва Тоҷикистон шомил шудааст. Дар Тоҷикистон тақрибан 70 сар бабри сафед зиндаги мекунанд.

Дар Душанбе дар майдони 13 гектар “Боғи ҳайвонот” бунёд мешавад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед