Ru  | Tj
Ҷамолиддин Нуралиев бо дипломати амрикоӣ дидор намуда, вазъи макроиқтисодии кишварро баррасӣ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷамолиддин Нуралиев бо дипломати амрикоӣ дидор намуда, вазъи макроиқтисодии кишварро баррасӣ кард
Акс: Sputnik

Ҷамолиддин Нуралиев бо дипломати амрикоӣ дидор намуда, вазъи макроиқтисодии кишварро баррасӣ кард

Нашр шуд

Бридҷит Уокер аз ислоҳоти татбиқшаванда дар Бонки миллӣ ситоиш кард ва гуфт, ки кишвараш барои ҳамкорӣ ҷиҳати рушди низоми бонкӣ дар Тоҷикистон омода аст.

Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ин матлабро Бридҷит Уокер, муовини роҳбари Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе дар суҳбат бо муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев иброз дошт.

Ин мулоқот рӯзи 12-уми октябр баргузор гардида, зимни он Ҷамолиддин Нуралиев дипломати амрикоиро бо вазъи макроиқтисодӣ дар кишвар ва низоми бонкию суғурта шинос намуд.

Нуралиев ба Уокер гуфт, ки Тоҷикистон дар натиҷаи андешидани тадбирҳои дуруст тавонист таъсири манфии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиётро ба таври назаррас коҳиш диҳад.

«Бонки миллии Тоҷикистон ба таври фаврӣ нақшаи коҳиши таъсири пандемияи COVID-19 ба низоми бонкӣ ва суғуртаро таҳия намуда, бо ин мақсад ба ташкилоти қарзии молиявӣ якчанд имтиёзҳо фароҳам овард. Дар натиҷа, ташкилоти қарзии молиявӣ имкон пайдо карданд, ки фаъолияти муназзами худро идома дода, соли молиро бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст намоянд»,- таъкид намуд Нуралиев.

Дипломати амрикоӣ нақши Бонки миллии Тоҷикистонро дар таҳия ва амалисозии ислоҳоти низоми бонкӣ муассир арзёбӣ намуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои минбаъда барои рушди низоми бонкии ду кишвар ибрози алоқамандӣ намуд.

Ин дар ҳолест, ки Сандип Махаҷан, як масъули баландпояи Бонки ҷаҳонӣ ҳафтаи гузашта тадбирҳои андешидаи Ҳукумат ва Бонки миллии Тоҷикистонро ҷиҳати коҳиши таъсироти манфии пандемияи коронавирус ба иқтисоди кишвар муассир арзёбӣ карда буд.

Махаҷан гуфт, ислоҳоти низоми бонкӣ дар Тоҷикистон натоиҷи мусбат ба бор меоранд ва инро ниҳодҳои байналмилалии молӣ низ эътироф менамоянд.

Ҳукумати вилояти Хатлон вазъи энергетикиро барраси намуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед