Ru  | Tj
Ҷамолиддин Нуралиев дар бораи сиёсати пулӣ ва чашмандози бонкдорӣ дар ДМТ маърӯза намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷамолиддин Нуралиев дар бораи сиёсати пулӣ ва чашмандози бонкдорӣ дар ДМТ маърӯза намуд
Акс: Интернет

Ҷамолиддин Нуралиев дар бораи сиёсати пулӣ ва чашмандози бонкдорӣ дар ДМТ маърӯза намуд

Нашр шуд

Тибқи хабари Бонки миллии кишвар Ҷамолиддин Нуралиев Муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳузурдошти Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, устодону донишҷӯёни ин донишгоҳ дар мавриди сиёсати пулии кишвар, систимаи қарздиҳӣ, дурномаи иқтисодӣ ва бонкдории ҷадид семенари илмӣ ироа кард.

Ҳамчунин, бахши матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ хабар додааст, ки ин ҳумоиши илмӣ таҳти унвон “Дигаргунсозии ниҳодии бахши бонкӣ дар Тоҷикистон дар шароити мураккаби иқтисодӣ. Барқарорсозии эътимоднокӣ ва боварӣ” баргузор гаридааст ва бештар устодон ва донишҷӯёни бахши бонкдорӣ ва иқтисодиёт дар он иштирок доштаанд.

 Бонки миллӣ ҳамчунон гуфтааст, ки қисматҳои асосии ин нишасти илмӣ аз татбиқи фоиданоки сиёсати пулӣ ва қарзӣ, рушди низоми бонкӣ, рушди бозори асъор, стратегияи бартараф кардани чолишҳои иқтисодӣ ва дигар мавридҳо иборат буданд.

Нуралиев дар ин чорбинии илмӣ гуфтааст, ки вобаста ба вазъи низоми бонкӣ ва мукаммал гардидани сохтори он ислоҳоти гузариш аз камият ба кайфият амалӣ мешавад, ки ба беҳтар шудани кайфият ва сифати дороиҳои низоми бонкӣ, коҳиш ёфтани қарзҳои ғайрифаъол, баланд шудани сатҳи сармоя ва пардохтпазирӣ ва ғайра равона шудааст.

Қобили зикр аст, ки Ҷамолиддин Нуралиев моҳи майи соли 2015 бо фармони раиси ҷумҳури кишвар Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуд.

Аз ҷаноби Нуралиев ба унвони чеҳраи илмӣ дар бахши иқтисод ёд мешавад, ки дар бонкдорӣ ва иқтисод таҳсилоти олӣ дорад.


Қариб 100 миллиард сомонӣ. Сарвазир аз афзоиши ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон хабар дод




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед