Ru  | Tj
“Амонатбонк”-и Тоҷикистон тавассути "KazakhExport" лоиҳаҳоро ба маблағи 23 милён доллар пуштибонӣ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

“Амонатбонк”-и Тоҷикистон тавассути "KazakhExport" лоиҳаҳоро ба маблағи 23 милён доллар пуштибонӣ кард
Акс: amonatbonk.tj

“Амонатбонк”-и Тоҷикистон тавассути "KazakhExport" лоиҳаҳоро ба маблағи 23 милён доллар пуштибонӣ кард

Нашр шуд

Моҳи феврали соли 2020 бо ҳадафи ҳимоят аз ширкатҳои ватанӣ ва пешрафти соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ миёни «Амонатбонк» ва «KazakhExport» барои ҷудо кардани қарзҳо ба имзо расида буд.

Бонки амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» бо сармоягузории Ширкати содироту бимаи Қазоқистон «KazakhExport» дар давоми се соли охир соҳибкорони тоҷикро дар татбиқи 15 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 23,5 милён долар пуштибонӣ кард.

Ин нукта дар мулоқоти Алиҷон Салимзода, раиси Раёсати Амонатбонк бо Қуаниш Мукоҷонов, муовини раиси ширкати қазоқистонӣ дар шаҳри Душанбе садо дод.

“КВД «Амонатбонк» ҳамкориро бо ҶС Ширкати содиротиву бимаи «KazakhExport»-и Қазоқистон аз соли 2020 оғоз карда, то имрӯз тавассути ширкати мазкур ба 15 лоиҳаи гуногуни ширкатҳои тоҷикистонӣ дар ҳаҷми беш аз 23,5 милён долар сармоягузорӣ кардааст”, - гуфта мешавад дар хабар.

Дар идома таъкид мешавад, ки дар мулоқот ҷонибҳо аз натиҷаи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карда, иброз доштанд, ки дар оянда муносибатҳоро дар самти сармоягузории савдо ва бозгушоии хатҳои қарзӣ боз ҳам густариш диҳанд.

Бояд гуфт, ки созишномаи ҳамкорӣ миёни «Амонатбонк» ва «KazakhExport» моҳи феврали соли 2020 барои ҷудо кардани  қарзҳо ҷиҳати ҳимоят аз ширкатҳои тоҷикистонӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна, ҳамчунин воридоти молу маҳсулот аз Қазоқистон ба имзо расида буд.

Гуфтанист, “Амонатбонк” бузургтарин бонки давлатии Тоҷикистон буда, дар саросари ин кишвар 75 намояндагӣ ва ҳудуди 550 маркази хидматрасонӣ дорад ва ба 8,3 ҳазор ниҳоду созмон дар Тоҷикистон хадамоти бонкӣ ироа мекунад.

Тибқи омори расмӣ, “Амонатбонк” дар соли 2023 ба беш аз 53 ҳазор муштарӣ 1 милярду 836,2 милён сомонӣ қарз додааст, ки дар қиёс ба соли 2022 24% бештар аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед