Ru  | Tj
Амонатбонк"-и Тоҷикистон ва "СберБанк"-и Русия созишномаи ҳамкорӣ бастанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Амонатбонк"-и Тоҷикистон ва "СберБанк"-и Русия созишномаи ҳамкорӣ бастанд
Акс: Интернет

Амонатбонк"-и Тоҷикистон ва "СберБанк"-и Русия созишномаи ҳамкорӣ бастанд

Нашр шуд

Санад оид ба ҳамкории "Амонатбонк" ва "СберБанк" дар шаҳри Маскав ба имзо расид.

Ба иттилои АМИТ "Ховар", аз 29-ум то 2-юми декабр ҳайати кории Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк" ба Федератсияи Русия сафари корӣ анҷом додааст.

Ба таъкиди манбаъ, ҳуҷҷат оид ба ҳамкории ду бонк аз ҷониби раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории ҶТ "Амонатбонк" Сироҷиддин Икромӣ ва муовини раиси Раёсати Ҷамъияти саҳомии оммавии (ҶСО)  "СберБанк"-и Русия Анатолий Попов имзо гардидааст.

Гуфта мешавад, ки дар рафти мулоқот Сироҷиддин Икромӣ бо Анатолий Попов масъалаи густариш додани ҳамкориҳои байнибонкӣ, рушди равобит дар самтҳои гуногуни молиявию ҳисоббаробаркуниро муҳокима намудаанд.

Ҳамчунин, дар вохӯрӣ масъалаи тарҳрезӣ ва амалӣ намудани маҳсулоти бонкӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи "Миллион муҳоҷир" бо иштироки "СберБанк"-и Русия баррасӣ гардидааст.

Зикр мегардад, ки "Амонатбонк" пешниҳод намудааст, ки дар ҳамкорӣ бо "СберБанк"-и Русия омода аст, то ба муҳоҷирони меҳнатӣ қарз ҷудо кунад. 


Путин: “Тоҷикистон ҳамкори хуб ва ҳампаймони боэътимоди Русия аст”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед