Ru  | Tj
Аморот нахустин бор ба як шаҳрванди Тоҷикистон визаи тиллоӣ тақдим кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аморот нахустин бор ба як шаҳрванди Тоҷикистон визаи тиллоӣ тақдим кард
Акс: ASIA-Plus

Аморот нахустин бор ба як шаҳрванди Тоҷикистон визаи тиллоӣ тақдим кард

Нашр шуд

Амороти Муттаҳидаи Араб ба Абдурозиқ, блогер ва овозхони тоҷик визаи тиллоӣ дод. Ӯ нахустин тоҷик аст, ки ин навъи раводиди АМА-ро дарёфт кардааст.

Ин хабарро худи блогери тоҷик дар саҳифааш дар Инстаграм расонаӣ кард. Ӯ аз маросими эътои визаи тиллоӣ аксе гузошт ва ба мақомоти Абу Забӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Абдурозиқ навишт, ки “Ифтихор мекунам, ки ҷавонтарин ва аввалин нафаре ҳастам, ки визаи тилоии Иморотро гирифтам. Ин лаҳзаи таърихӣ аст”.

Амороти Муттаҳидаи Арабӣ асосан ба сармоягузорони хориҷӣ ва нафарони дорои истеъдои фавқулода визаи тиллоӣ медиҳад.

Ҳоло Абдурозиқ дар Инстаграм беш аз 1, 2 миллион обуначӣ дорад. Вай пас аз сафараш ба Доғистон барои муҳориба бо блогери ҳамвазну ҳамқади худ Ҳасбулло берун аз Тоҷикистон низ маъруф гардид.

Ин блогери хурдҷуссаи тоҷик, ки 17 – сола аст, чандест дар Дубай қарор дорад ва ҳафтаи гузашта бо задани зангӯлаҳо ба мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар ин шаҳр оғоз бахшид.

6 ровӣ ва блогери машҳури Тоҷикистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед