Ru  | Tj
Ҳамос 12 гаравгон ва Исроил 30 маҳбуси фаластиниро озод карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳамос 12 гаравгон ва Исроил 30 маҳбуси фаластиниро озод карданд
Акс: "IsraeliPM"

Ҳамос 12 гаравгон ва Исроил 30 маҳбуси фаластиниро озод карданд

Нашр шуд

Дар пайи табодули гаравгонҳо ва асирон миёни Ҳамос ва Исроил 12 гаравгон аз зиндонҳои Ҳамос ва 30 фаластинӣ аз зиндонҳои Исроил озод шуданд.

Дар миёни гаравгонҳое, ки рӯзи 28-уми ноябр озод шуданд, 10 исроилӣ ва ду шаҳрванди Тайланд ҳастанд.

Теъдоди умумии гаравгонҳои раҳошуда аз сӯйи Ҳамос ба 81 нафар расидааст. Теъдоди зиндониёни фаластинӣ, ки дар шаш рӯзи ахир аз зиндонҳои Исроил озод шудаанд, ба 180 нафар баробар шуд.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, расонаҳои исроилӣ аз қавли дафтари нахуствазири ин кишвар гузориш додаанд, ки Исроил феҳристи гаравгонҳоеро пайдо кардааст, ки интизор меравад имрӯз аз сӯйи Ҳамос раҳо шаванд.

Имрӯз охирин рӯзи оташбаси шашрӯза миёни Ҳамос ва Исроил аст.

Ба иттилоъи хабаргузории Ройтерз, Исроил гуфтааст, ки оташбас метавонад боз ҳам тамдид шавад, ба шарте ки Ҳамос дар як рӯз дастикам 10 гаравгони исроилиро озод кунад.

Ҳамчунин тибқи созиши оташбас ба Ғазза кумакҳои башардӯстона, шомили ғизо, дору ва маводи сӯхт ворид карда шуд.

Ҳанӯз маълум нест, ки оташбас миёни Ҳамос ва Исроил бори дигар тамдид мешавад ё на?

Бояд гуфт, ки оташбас миёни Ҳамос ва давлати Исроил баъди 47 рӯзи даргириҳои шадид дар навори Ғазза ба даст омад. Ҷанг миёни ду тараф рӯзи 7-уми октябр сар зада буд.

Дар ин муддат дар пайи ҳамлаҳои заминӣ ва ҳавоии Исроил наздики 14 ҳазор мардуми осоиштаи фаластинӣ дар Ғазза кушта шуданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед