Ru  | Tj
Ҳамос ва Фатҳ дар бораи таъсиси ҳукумати "оштии миллӣ" дар Ғазза ба мувофиқа расиданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳамос ва Фатҳ дар бораи таъсиси ҳукумати "оштии миллӣ" дар Ғазза ба мувофиқа расиданд
Акс: аз манбаъҳои боз

Ҳамос ва Фатҳ дар бораи таъсиси ҳукумати "оштии миллӣ" дар Ғазза ба мувофиқа расиданд

Нашр шуд

Имзои "Эъломияи Пекин" пас аз он сурат гирифт, ки 14 гурӯҳи фаластинӣ аз 21 то 23 июл дар пойтахти Чин мулоқот ва "оштии миллӣ"-ро баррасӣ карданд.

Пас аз эъломи музокироти муштараки Фатҳ ва Ҳамос, ки моҳи апрели соли гузашта бо миёнҷигарӣ ва мизбонии Пекин оғоз шуд, ду ҷониби фаластинӣ ин ҳафта пас аз баргузории дидорҳо дар Чин "Эъломияи Пекин" барои ташкили ҳукумати мусолиҳаи миллӣ дар Ғаззаро имзо карданд. Дар ин бора сомонаи хабарии "ал-Арабия" иттилоъ медиҳад.

Ван И, вазири умури хориҷии Чин, рӯзи 23 июл таъйид кард, ки миёни 14 ҷиноҳи фаластинӣ барои ташкили ҳукумати муваққати оштии миллӣ барои идораи Ғазза пас аз ҷанг созиш ҳосил шудааст.

Ван И ҳангоми имзои "Эъломияи Пекин" аз сӯи ҷиноҳҳои фаластинӣ дар Пекин, пойтахти Чин, гуфт, ки муҳимтарин нуктаи ин созиш таъсиси ҳукумати муваққати "оштии миллӣ" барои идораи Ғазза пас аз ҷанг аст.

Телевизиони марказии Чин ҳамчунин таъкид кард, ки ду ҷунбиши умдаи фаластинӣ “Фатҳ” ва “Ҳамос” "Эъломияи Пекин"-ро барои ташкили ҳукумати мусолиҳаи миллӣ барои идораи Ғазза имзо карданд.

Дар ҳамин ҳол Мусо Абумарзуқ, раҳбари Ҳамос низ эълом кард, ки ин ҷунбиш дар дидор дар Чин бо Фатҳ ва дигар гурӯҳҳои фаластинӣ тавофуқномаи "ваҳдати миллӣ"-ро имзо кардааст.

Абумарзуқ гуфт, ки имрӯз ин ҷунбиш созишномаи "ваҳдати миллӣ"-ро имзо кард, ки роҳи расидан ба ваҳдати миллиро миёни фаластиниён анҷом дод.

"Мо тарафдори ваҳдати миллӣ ҳастем ва ҳамеша инро мехостем", - гуфт ӯ.

Ин тавофуқ чанд моҳ пас аз он сурат гирифт, ки Вазорати хориҷаи Чин дар моҳи апрели соли гузашта эълон кард, ки ду ҷониби Фаластин хоҳиши худро барои муколама баён кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, ҳанӯз рӯшан нест, ки мулоқоти ҷиноҳҳои фаластинӣ дар Пекин барои хатми ҷанги Ғазза чӣ таъсире хоҳад дошт.

Мавзӯи шеваи идораи Ғазза пас аз ҷанг яке аз масоиле аст, ки музокироти оташбас миёни Исроил ва Ҳамосро ба таъхир андохтааст.

Чанд даври музокирот дар Давҳа ва Қоҳира, ки бо миёнҷигарии Амрико, Миср ва Қатар дар моҳҳои гузашта бо ҳадафи оташбас ва раҳоии гаравгонҳо сурат гирифта буд, то ба ҳол ба натиҷае нарасидааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед