Ru  | Tj
Амрико: Ҳамлаҳои ДИИШ дар Афғонистон афзоиш меёбанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Амрико: Ҳамлаҳои ДИИШ дар Афғонистон афзоиш меёбанд
Акс: Интернет

Амрико: Ҳамлаҳои ДИИШ дар Афғонистон афзоиш меёбанд

Нашр шуд

Фрэнк Маккензи, Генерали аршади амрикоӣ дар ҳоле аз афзоиши ДИИШ* (*Ҳаракати террористӣ) дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард, ки ин гурӯҳ имкони ҳамла ба Ғарбро надорад. Аммо вай пешгӯӣ мекунад, ки тобистони имсол ҳамлаҳои ДИИШ дар Афғонистон афзоиш хоҳанд ёфт.

Генерал Фрэнк Маккензи, Сардори Фармондеҳии марказии Амрико дар Ховари Миёна (Centcom) рӯзи сешанбе аз тавсеа ва тақвияти ДИИШ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, бидуни фишори идомаи Амрико, тундравҳои ин гурӯҳ дар Афғонистон муттаҳид хоҳанд шуд. 

Вай афзуд, бо гузашти ҳафт моҳ аз хурӯҷи эътилофи таҳти раҳбарии Амрико аз Афғонистон, бахши Хуросони ДИИШ дар ин кишвар афзоиш меёбад.

Аммо бар асоси арзёбиҳои охири амниятӣ, бар хилофи ҳушдориҳои қаблӣ, ки ин гурӯҳ метавонад то моҳҳои оянда ба Амрико ва муттаҳидонаш ҳамла кунад, генерали амрикоӣ иддао дорад, ки ДИИШ-и Хуросон то ҳол тавонистааст, ҳамлаҳои монанди ДИИШ-и Ироқу Сурияро анҷом диҳад. 

Чанд ниҳоди истихборотии дигар низ ҳушдор додаанд, ки шумори тундравҳои ДИИШ-и Хуросон дар муқоиса бо соли гузашта, замоне, ки Толибон* (*Толибон – ҳаракати террористӣ) дар Афғонистонро таҳти тасарруфи худ дароварданд, ду баробар афзоиш ёфта, ҳоло ба беш аз 4000 нафар мерасад.

Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли ҳозир барои пайгирии Ал-Қоида* (*Ҳаракати террористӣ) мубориза мебарад. Азбаски Иёлоти Муттаҳида ҳоло дар Афғонистон пойгоҳи низомӣ надорад, парвозҳои назоратӣ ва ҷосусии он тавассути Покистон иҷро мешаванд.


Русия: “Фаъолияти ДИИШ дар Афғонистон барои мо ва Осиёи Марказӣ хатар аст”


 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед