Ru  | Tj
Амрико ҳазорон дархости раводиди башардӯстонаи афғонистониҳоро рад кардааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Амрико ҳазорон дархости раводиди башардӯстонаи афғонистониҳоро рад кардааст
Акс: Рӯзномаи "New York Times"

Амрико ҳазорон дархости раводиди башардӯстонаи афғонистониҳоро рад кардааст

Нашр шуд

Рӯзномаи “New York Times” гузориш медиҳад, ки аксари шаҳрвандони Афғонистон, ки барои дарёфти раводиди башардӯстонаи Амрико муроҷиат кардаанд, рад карда шудаанд.

Расонаҳои амрикоӣ гузориш доданд, ки чанде аз дархостҳои раводиди башардӯстона аз шаҳрвандони Афғонистон баррасӣ шудаанд ва бештари онҳо рад шудааст.

Рӯзномаи “New York Times” аз қавли Шариф Азизӣ, тарҷумони собиқи нерӯҳои вижаи Амрико навиштааст, ки дархости паноҳандагии аъзои хонаводааш, ки аз Кобул фирор кардаанд, рад шудааст.

Шариф Азизӣ, ки ҳоло дар Сан-Хосеи Калифорния ба сар мебарад, ба “New York Times” гуфт: "Ҳамаи ваъдаҳое, ки Амрико дод, дурӯғи бузург аст."
Тибқи иттилои “New York Times”, Хадамоти муҳоҷирати ИМА аз моҳи июли соли 2021 барои дарёфти раводиди башардӯстона 43 000 дархост гирифтааст.
Ба навиштаи рӯзнома, камтар аз 2000 дархост барои раводиди башардӯстона баррасӣ шудааст.
Рӯзномаи “New York Times” менависад, ки то 11-уми феврал тақрибан 1500 парванда рад ва 170 ариза тасдиқ шудааст.

Ин хабар дили садҳо дархосткунандаро барои ба даст овардани раводиди башардӯстонаи кишвари Амрико шикастааст.

Ҳамчунин, ҳазорон нафар афғонҳо, ки ба Абу-Дабӣ, пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ интиқол ёфтаанд, чанд рӯз аст, ки тазоҳуроти эътирозӣ анҷом дода, талаб доранд,  парвандаи онҳо зудтар анҷом дода шавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед