Ru  | Tj
Амрико нисфи дороиҳои миллии Афғонистонро ба осебдидагони ҳамлаи 11-уми сентябр тақсим мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Амрико нисфи дороиҳои миллии Афғонистонро ба осебдидагони ҳамлаи 11-уми сентябр тақсим мекунад
Акс: Интернет

Амрико нисфи дороиҳои миллии Афғонистонро ба осебдидагони ҳамлаи 11-уми сентябр тақсим мекунад

Нашр шуд

Рӯзномаи "Вашингтон Пост" ахиран навишт, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико тасмим гирифтааст, нисфи дороии 7 миллиард доллари масдудшудаи Бонки марказии Афғонистонро ба хонаводаҳои қурбониёни ҳамлаи 11-уми сентябр тақсим кунад. Раиси ҷумҳури Амрико пули мардуми Афғонистонро ба унвони ҷуброни ҳамлаи Ал-Қоида пардохт хоҳад кард.

Манобеъ мегӯяд, Ҷо Байден барои бархе аз хешовандони қурбониёни ҳамлаҳои 11-уми сентябр роҳи қонуниро боз хоҳад кард, то 3,5 миллиард доллар дороиҳоеро, ки Бонки марказии Афғонистон қабл аз тасарруфи Толибон* дар Ню Йорк гузошта буд, дунбол кунанд.

Ҳамзамон, ҷаноби Байден фармони иҷроияро бо истинод ба ваколатҳои изтирорӣ барои мусодираи тамоми дороиҳои 7 миллиард доллари Бонки марказии Афғонистонро дар Ню Йорк ва аз додрас барои ҷамъоварии 3,5 миллиард доллари дигар дархост хоҳад кард. 

Толибон ба ин тасмими Байден вокуниш нишон додаанд. Доктор Муҳаммад Наим, сухангӯи Толибон дар дафтари Қатар, онро дуздии маблағ аз мардуми Афғонистон хондааст. 

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


Писари Осама бин Лодин барои дидор бо раҳбарони Толибон ба Афғонистон сафар кардааст



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед