Ru  | Tj
Амрико сафоратхона ва консулгарии Афғонистонро мебандад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Амрико сафоратхона ва консулгарии Афғонистонро мебандад
Акс: Интернет

Амрико сафоратхона ва консулгарии Афғонистонро мебандад

Нашр шуд

Телевизиони “Ал-Арабия” хабар дод, ки ҳукумати Амрико ба дипломатҳои афғон дар он кишвар гуфтааст, сафорати Афғонистон дар Вашингтон ва консулгариҳои Ню-Йорк ва Лос-Анҷелесро мебандад.

Дар ин гузориш ҳамчунин ба нақл аз манобеи огоҳ омадааст, ки Амрико ҳамчунин дипломатҳои Афғонистонро аз масъунияти дипломатӣ маҳрум мекунад.

 Ҳукумати ИМА то ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст.

 Дар ҳамин ҳол, бахши англисии "Садои Амрико" дирӯз, чаҳоршанбе, 26-уми январ хабар дод, ки ҳисобҳои бонкии сафорати Афғонистон дар Амрико баста шуда ва ин масъала ба мушкили кормандони ин сафорат табдил шудааст.

 “Садои Амрико” аз қавли ду дипломати афғон дар Амрико, ки намехоҳанд номашон ифшо шавад ба Вазорати хориҷаи Амрико гуфтаанд, ҳисобҳои бонкии сафорати Афғонистон дар Вошингтон ва ду консулгарии Афғонистон дар Амрико мутаваққиф шудаанд.

Дипломатҳои сафорати Афғонистон дар Амрико гуфтаанд, ки бастани суратҳисоби бонкӣ ба интиқоли пули сафорат, аз ҷумла маош ва бима, таъсири манфӣ гузоштааст.

 Сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико гуфт, ки дар мақоми аккредитатсияи аъзои намояндагии Афғонистон тағйироте ба назар нарасидааст, аммо аз шарҳи бастани суратҳисоби бонкии сафорат худдорӣ кард.

 Пас аз суқути ҳукумат ба дасти Толибон* дипломатҳои афғон аз ҳамкорӣ бо Толибон худдорӣ карданд. Аммо бархе аз сафирони собиқ истеъфо додаанд.

*Толибон – Ҳаркати терористии фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон


Пои Толибон дар Аврупо. Норвегия аз Толибон ва ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон даъвати расмӣ намуд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед