Ru  | Tj
Амрико якум, Чин дуюм ва Русия панҷум. Бозиҳои олимпӣ дар Токио анҷом ёфтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Амрико якум, Чин дуюм ва Русия панҷум. Бозиҳои олимпӣ дар Токио анҷом ёфтанд
Акс: Чемпионат

Амрико якум, Чин дуюм ва Русия панҷум. Бозиҳои олимпӣ дар Токио анҷом ёфтанд

Нашр шуд

Дар Токиои Ҷопон бо баргузории маросими ихтитом Бозиҳои XXXII-и тобистонаи олимпӣ ба поён расид.

Рӯзи 8-уми август дар Токио бо ҳузури Сарвазири Ҷопон, шаҳрдори Токио ва Президенти Кумитаи байналмилалии Бозиҳои олимпӣ маросими ихтитоми Бозиҳои XXXII-и олимпӣ баргузор гардид.

“Дӯстони азиз! Дар ин 16 рӯз шумо бо дастовардҳои варзишии худ моро ба ҳайрат овардед.... Тибқи анъана, ман аз ҷавонон даъват мекунам, ки баъди 3 сол дар Париж ҷамъ омада, 33-юмин Бозиҳои олимпиро якҷоя таҷлил кунанд. Дар Париж вомехӯрем” – гуфт Томас Бах, Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ зимни суханронӣ дар ин маросим.

Дар Олимпиадаи Токио-2020 варзигарон аз 205 кишвари дунё ширкат варзида, ба намояндагони 93 кишвар муяссар шуд, ки медал ба даст оранд.

Аз рӯи шумори медалҳо дар ин олимпиада Амрико дар мақоми аввал (113 медал, аз ҷумла 39 тилло, 41 нуқра ва 33 биринҷӣ), Чин мавқеи дуюм (88 медал, аз ҷумла 38 тилло, 32 нуқра ва 18 биринҷӣ) ва Ҷопон ҷои сеюмро (58 медал, аз ҷумла 27 тилло, 14 нуқра ва 17 биринҷӣ) ишғол намуданд.

Федератсияи Русия бо ба даст овардани 71 медал (20 тилло, 28 нуқра ва 23 биринҷӣ) дар зинаи 5-ум қарор гирифт.

Варзишгарони Тоҷикистон ҳам дар Бозиҳои XXXII-и тобистонаи олимпӣ иштирок намуданд, аммо натавонистанд медал ба даст биёранд.

Тоҷикистонро дар Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Ҷопон 10 варзишгар – Баҳодур Усмонов, Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (дар риштаи бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо), Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (шиноварӣ) ва Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук) намояндагӣ карданд.

Тоҷикистон дар таърихи даврони соҳибистиқлолӣ дар бозиҳои олимпӣ ҳамагӣ чаҳор медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст овардааст.

Гулсумбӣ Шарифова ба Бозиҳои олимпии Токио роҳхат гирифт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед