Ru  | Tj
Амрулло Солеҳ: “Имрон Хон кори мулло Ҳайбатулло Охундзодаро анҷом медиҳад"

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Амрулло Солеҳ: “Имрон Хон кори мулло Ҳайбатулло Охундзодаро анҷом медиҳад"
Акс: РИА Новости

Амрулло Солеҳ: “Имрон Хон кори мулло Ҳайбатулло Охундзодаро анҷом медиҳад"

Нашр шуд

Амруллоҳ Солеҳ, собиқ Муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон, мегӯяд, Имрон Хон нахуствазири Покистон, кори мулло Ҳайбатулло Охундзода, раҳбари худхондаи  Толибонро* иҷро мекунад.

Ҷаноби Солеҳ дар “Твиттер” навишт, ки Имрон Хон ба ҷои Мулло Ҳайбатулло Охундзода дар бораи Афғонистон изҳорот нашр  мекунад ва раиси Хадамоти кашфи Покистон нақши раиси Истихбороти Толибонро иҷро карда, ба сафарҳо меравад.

Зоҳиран Амрулло Солеҳ ин нуктаро дар вокуниш ба бозгашти ахири Абдулсалом Раҳимӣ, фиристодаи вижаи Ашраф Ғанӣ дар умури сулҳ ба Афғонистон ва дидор бо мақомоти аршади Толибон, аз ҷумла Амирхон Мутаққӣ, иҷрокунандаи вазифаи Вазири умури хориҷа ва Сироҷиддин Ҳаққонӣ, иҷрокунандаи вазифаи Вазири умури дохила, кардааст.

"Оё шумо то ҳол гумон мекунед, ки Ҳайбатулло раҳбари Толибон аст? На, касе ба номи Ҳайбатулло вуҷуд надорад ва ҳама кори Толибонро аз Исломобод Имрон Хон идора мекунад”, гуфтааст ҷаноби Амрулло Солеҳ.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


Амруллоҳ Солеҳ: “Мулло Ҳайбатуллоҳ вуҷуд надорад ва Афғонистонро созмони ҷосусии Покистон идора мекунад”



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед