Ru  | Tj
Амруллоҳ Солеҳ: “Мулло Ҳайбатуллоҳ вуҷуд надорад ва Афғонистонро созмони ҷосусии Покистон идора мекунад”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Амруллоҳ Солеҳ: “Мулло Ҳайбатуллоҳ вуҷуд надорад ва Афғонистонро созмони ҷосусии Покистон идора мекунад”
Акс: Kun.uz

Амруллоҳ Солеҳ: “Мулло Ҳайбатуллоҳ вуҷуд надорад ва Афғонистонро созмони ҷосусии Покистон идора мекунад”

Нашр шуд

Амруллоҳ Солеҳ, муовини собиқи Раиси ҷумҳури пешини Афғонистон дар як ёддошт дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст, ки Мулло Ҳайбатуллоҳ раҳбари Толибон* вуҷуд надорад ва ин ном сохтаи CIA- созмони ҷосусии Покистон аст.

Ҷаноби Солеҳ мегӯяд, ки миллионҳо ҳамватанони мо талош доранд, ки аз режими бадном ва золими Толибон фирор кунанд.

Ба бовари Амруллоҳ Солеҳ агар матбуот озодии нисбӣ медошт, маълум мешуд, ки то имрӯз чӣ қадар тоҷирон, бахусус саррофон аз ҷониби раҳбарони Толибон рабуда шудаанд.

Толибон то кунун ҳеҷ навори тасвирӣ аз раҳбари худ нашр накардаанд ва мегӯянд, Мулло Ҳайбатуллоҳ дар вилояти Қандаҳор аст ва ба далели масъалаҳои амниятӣ аксҳои ӯро нашр намекунанд.

Қобили ёдоварист, ки соли гузашта низ хабари марги раҳбари Толибон нашр шуда буд, вале худи Толибон онро рад намуда, иддао карданд, ки раҳбари онҳо зинда аст.

Ин дар ҳолест, ки хабари марги Мулло Умар, бунёдгузори Толибон се сол пас аз маргаш нашр шуд ва дар ин се сол фармонҳо ва наворҳои савтӣ ба номи ӯ нашр мешуданд ва Толибон бар асоси он амал мекарданд.

*Толибон – ҳаракати террористии фаъолияташ мамнуъшуда аз ҷониби СММ


Эмомалӣ Раҳмон ба Макрон: Афғонистон дар остонаи фалокати гуманитарӣ қарор дорад




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед