Ru  | Tj
Ҳамсари Аҳмад Зоҳир нахустин маротиба бо як рӯзномае сӯҳбат кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳамсари Аҳмад Зоҳир нахустин маротиба бо як рӯзномае сӯҳбат кард
Акс: SugdNews

Ҳамсари Аҳмад Зоҳир нахустин маротиба бо як рӯзномае сӯҳбат кард

Нашр шуд

Хабарнигори рӯзномаи "Вашингтон Пост” ҳамсари Аҳмад Зоҳир, овозхони машҳури Афғонистон Фахриё Зоҳирро, ки дар музофоти Вирҷинияи Амрико ба сар мебарад, пайгирӣ карда, бо ӯ фурсати сӯҳбат ба даст овардааст.  

Фахриё Зоҳири 70-сола, ки 41 сол боз беном дар Вирҷинияи Амрико зиндагӣ мекардааст, дар бораи таърихи кишвараш, ки шавҳараш ба унвони подшоҳи мусиқии он  ҳукмронӣ мекард, ба хабарнигори “Вашингтон Пост” нақлҳои аҷиб кардааст. 

Антонио Олио, муаллифи гузориш, навиштааст: "Агар вазъи бади муҳоҷирони афғон, ки ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико меоянд, бо мусиқӣ, драма ва табл сабт карда шавад, ин кори шахси маъруф бо номи "Элвиси Афғон" аст, ки он ҳамсари Аҳмад Зоҳир мебошад”. 
Дар ин штат бо номи  "Элвис Преслии Афғон"- мероси маъруфи Аҳмад Зоҳир фаъолият мекунад, ки онро ҳамсари ӯ пеш мебурдааст.  

Ҳамчунин, хонум Фахриё дар ин сӯҳбат гуфтааст: “Ман боварӣ дорам, агар ӯ дар ин ҷо мебуд, дар бораи воқеаҳои ҳозира сурудҳои дилангез месароид".

Ӯ дар бораи насли худ низ бо шавқ сухан гуфта, чунин қайд кардааст: "Мо касоне ҳастем, ки Афғонистони зеборо дидем, он ором буд ва кош як бори дигар мисли гузашта обод шавад”.

Бояд гуфт, ки дар замони зиндагии Аҳмад Зоҳир занон дар Афғонистон озодии комил доштанд ва дари мактабу донишгоҳҳо низ ба рӯи онҳо боз буд. 

Аҳмад Зоҳир 14-уми июни соли 1946 дар оилаи ходими давлатии Афғонистон Абдузоҳир ба дунё омадааст. Хатмкардаи литсеи «Ҳабибия» ва Дорулмуаллимини Кобул буда, муддате дар шаҳри Деҳлӣ (Ҳиндустон) дар риштаи таълиму тарбия таҳсил намудааст. Аз 15-солагӣ ба сурудхонӣ шурӯъ намуда, нахустконсерташро дар 18-солагӣ доир кардааст. Овози форам, маҳорату малака ва дониши хуб дар интихоби матну оҳанг ва тарзи нави иҷрои суруд ба ӯ имкон доданд, ки дар муддати кӯтоҳ шуҳрат ёбад. 

Овозхони тоҷикнажоди Русия Манижа Сангин сафири хайрхоҳи СММ шуд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед