Ru  | Tj
Анҷелина Ҷолӣ: “ Ҷаҳониён бояд ҳукумати Толибонро барои нақзи ҳуқуқи занон ба ҷавобгарӣ кашанд”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Анҷелина Ҷолӣ: “ Ҷаҳониён бояд ҳукумати Толибонро барои нақзи ҳуқуқи занон ба ҷавобгарӣ кашанд”
Акс: ИА Regnum

Анҷелина Ҷолӣ: “ Ҷаҳониён бояд ҳукумати Толибонро барои нақзи ҳуқуқи занон ба ҷавобгарӣ кашанд”

Нашр шуд

Анҷелина Ҷолӣ, ситораи маъруфи синамои “Ҳолливуд” ва сафири Комиссари Олии СММ дар умури паноҳандагон, дар суханрониҳои иҷлосияи дурӯзаи парлумони Аврупо дар бораи вазъи занони афғон гуфт: "Ҳарчанд занони фаъол барои эътироз боздошт ва аз ҳаққи кору таҳсил маҳрум шудаанд, лекин набояд умедро аз даст дод."

Вай аз ҳукумати Толибон* хост, ки Таманно Парианӣ, Парвона Иброҳимхел ва дигар фаъолонро раҳо кунад ва ба занону духтарон иҷоза диҳад, ки ба мактабу кор баргарданд.

Анҷелина Ҷолӣ гуфт, барои Толибон саркӯб кардани ҳисси озодӣ ва андешаи занони афғон хеле дер шудааст ва акнун занони афғон барои ин кор иҷозат намедиҳанд.

Вай аз раҳбарони ҷаҳон хост, ҳукумати Толибонро барои нақзи ҳуқуқи занон ба ҷавобгарӣ кашанд.

Нишасти дурӯзаи порлумони Иттиҳоди Аврупо дар мавриди ояндаи занони афғон дар шаҳри Броксел баргузор шуда буд.

*Толибон – Ҳаракати террористии фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон


Афғонистон: Толибон* ба коргарзанони Кобул амр доданд, ки дар хонаҳояшон шинанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед