Ru  | Tj
Андӯҳи Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамлаи террористӣ дар Доғистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Андӯҳи Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамлаи террористӣ дар Доғистон
Акс: аз манбаъҳои боз

Андӯҳи Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамлаи террористӣ дар Доғистон

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон унвонии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия номаи тасаллӣ ирсол намуда, ҳамлаи террористӣ дар ҷумҳурии Доғистонро шадидан маҳкум кард.
 
Эмомалӣ Раҳмон дар ин нома мегӯяд, ки Тоҷикистон хабари фоҷиабори ҳамлаи золимонаи террористӣ дар шаҳрҳои Махачқалъа ва Дарбентро, ки боиси ба ҳалокат расидан ва захмӣ шудани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони осоиштаи Русия гардид, бо андуҳи амиқ қабул кард.
 
“Тоҷикистон, ки беш аз 30 сол боз бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм мубориза мебарад, ин амалкарди ғайриинсонии зӯровариро дар Доғистон қотеъона маҳкум карда, аз ҳамкории фаъолона дар мубориза бо терроризм ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯбаи сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки Тоҷикистон ва Федератсияи Русия аъзои онҳо мебошанд, ҷонибдорӣ менамояд”,- омадааст дар паёми ҳамдардӣ.
 
Дар фарҷом раисҷумҳури Тоҷикистон ба наздикону пайвандони фавтидагон ва ба тамоми мардуми Русияи ҳамдардии самимӣ изҳор намуда, ба осебдидагони ин  ҳамлаи террористӣ шифои оҷил таманно кард.
 
Хотиррасон мекунем, ки бегоҳирӯзии 23 июн дар Доғистон ҳамлаи террористӣ сурат гирифт, ки дар он ҷангҷӯён ҳамзамон ба Махачқалъа ва Дарбент ҳамла карданд.
 
Террористон дар ҳамлаи худ ду калисои православӣ, каниса ва посгоҳи пулиси роҳро ҳадаф қарор доданд. Дар ҷараёни ҳамла ҷангҷӯён муқовимати шадид нишон дода, чанд соат бо нерӯҳои полис даргир шуданд.
 
Ба гуфтаи мақомоти ҷумҳурии Доғистон, дар ин ҳамла дастикам 17 нафар, аз ҷумла 15 корманди пулис кушта шуданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед