Ru  | Tj
Қаноатмандии Аҳмадзода аз сатҳи ҳамкорӣ бо Созмони милал

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қаноатмандии Аҳмадзода аз сатҳи ҳамкорӣ бо Созмони милал
Акс: Fergana.agency

Қаноатмандии Аҳмадзода аз сатҳи ҳамкорӣ бо Созмони милал

Нашр шуд

Созмони Милали Муттаҳид дар вилояти Суғд якчанд лоиҳаҳоро ҷиҳати кӯмак ба маъюб, пешгирӣ аз терроризму экстремизм ва мустаҳкам намудани сарҳади давлатӣ амалӣ карда истодааст.

Ин нукта дар мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси вилояти Суғд бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу зикр гардид.

Хадамоти матбуоти Раиси вилоят дар ин маврид иттилоъ дода, афзуд, ки баррасии масоили марбут ба таҳкими равобит ва амалисозии лоиҳаҳои муфид аз меҳварҳои гуфтугӯи Аҳмадзода ва Синаноглу буданд.

Аҳмадзода аз рушди ҳамкорӣ бо ин созмон ва муассисаву ниҳодҳои тахассусии он изҳори қаноатмандӣ карда, аз ҷумла таъкид дошт, ки СММ барои пешгирии бемории сироятии коронавирус ба вилоят кӯмак расонидааст.

Раиси Суғд гуфт, ки айни замон бо дастгирии Созмони милал дар ҳудуди вилоят якчанд лоиҳаҳо дар самти кӯмак ба маъюбон, пешгирии терроризму экстремизм, мустаҳкам намудани сарҳади давлатӣ ва расонидани ёрӣ ба шахсони аз офатҳои табиӣ зарардида амалӣ гардида истодаанд.

Изҳори ҳавасмандии мақоми баландпояи СММ ҷиҳати густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед