Ru  | Tj
Антониу Гутерриш: Баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон бояд танҳо аз роҳи гуфтугӯ ҳал шавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Антониу Гутерриш: Баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон бояд танҳо аз роҳи гуфтугӯ ҳал шавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Антониу Гутерриш: Баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистон бояд танҳо аз роҳи гуфтугӯ ҳал шавад

Нашр шуд

Дабири кулли СММ ба ҳалли мусолиматомези баҳсҳои марзии Қирғизистону Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард. Ҳамзамон, Антониу Гутерриш эътироф кард, ки масъалаи хатти сарҳадӣ байни давлатҳои воқеъ дар водии Фарғона хеле печида аст.

Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ интизор дорад, ки Тоҷикистону Қирғизистон дар ниҳоят баҳсҳои марзии ду кишварро тавассути музокирот ҳал хоҳанд кард. Вай дар ин бора дар шаҳри Чолпон-Ота дар мулоқот бо Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон изҳор дошт.

Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

«Боварӣ дорам, ки масъалаи марз бо Тоҷикистон аз тариқи дипломатия, сулҳомез ва гуфтушунид ҳал хоҳад шуд», - гуфт Гутерриш.

Вай анҷоми бомуваффақияти таъйин ва аломатгузории марзи муштараки Қирғизистону Узбекистонро мисоли мусбати ҳалли мушкилоти марзӣ номид.
Дар баробари ин, Гутерриш иқрор шуд, ки масъалаи хатти сарҳадӣ байни давлатҳои воқеъ дар водии Фарғона хеле печида аст, зеро сарҳад дар қаламрави он “мисли муаммо” аст.

Тӯли марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон ҳудуди 980 километрро ташкил медиҳад. Музокироти ду ҷониб барои аломатгузории сарҳади давлатӣ бо тавсифи хатти гузариши он аз моҳи декабри соли 2002 идома дорад.

Аз соли гузашта ба ин сӯ гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон барои аломатгузории марзи давлатӣ ҷаласаҳои мунтазам баргузор мекунанд. Моҳи феврали соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Ҷеенбек Кулубоев, вазири умури хориҷии Қирғизистон гуфта буд, ки дар чаҳор моҳи ахир ҳарду ҷониб тавсифи ҳудуди 196 километри марзи давлатиро ба мувофиқа расонидаанд.

Дар айни замон зиёда аз 90% хатти сарҳадӣ аз ҷониби ду кишвар муайян ва мувофиқа шуда, қисматҳои боқимонда баҳснок ҳисобида мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар гузашта ҳалли масъалаи марз борҳо боиси муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон шуда буд. Дар маҷмӯъ, аз соли 2014 инҷониб дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон беш аз 10 муноқишаи ҷиддӣ рух додааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед