Ru  | Tj
Ҳар рӯз аз фурудгоҳҳои Афғонистон 30 парвоз анҷом дода мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳар рӯз аз фурудгоҳҳои Афғонистон 30 парвоз анҷом дода мешавад
Акс: аvapress.com

Ҳар рӯз аз фурудгоҳҳои Афғонистон 30 парвоз анҷом дода мешавад

Нашр шуд

Вазорати нақлиёт ва ҳавонавардии ҳукумати Толибон* хабар медиҳад, ки ҳамарӯза аз фурудгоҳҳои Афғонистон то 30 парвоз анҷом дода мешавад. Дар ин бора хабаргузории «TOLOnews» иттилоъ медиҳад.

Ба навиштаи ин манбаъ, Имомиддин Аҳмад, сухангӯйи Вазорати нақлиёт ва ҳавонавардии ҳукумати Толибон гуфт, ки аксари ин парвозҳо аз фурудгоҳҳои Кобул, Ҳирот, Балх ва Қандаҳор ба кишварҳои ҳамсоя ва минтақа анҷом мешаванд.

Вай афзуд, ҳоло аз фурудгоҳи Кобул ба кишварҳое парвозҳо анҷом мешавад, ки дар даврони ҳукумати пешин анҷом намешуд.

«Ҳоло мо парвозҳоро ба Туркия, Ӯзбекистон, дар шаҳрҳои гуногуни Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, назири Абу Дабӣ, ал-Айн, ки қаблан макони парвоз буд, оғоз кардем. Ба ҳамин монанд мо бар асоси тақсими вақт ба Русия, Арабистони Саудӣ, Кувайт, Қатар, Эрон, Чин, Покистон ва Ҳиндустон парвозҳои мунтазам дорем», гуфт Имомиддин Аҳмад.

Аз сӯйи дигар сухангӯйи Вазорати нақлиёт ва ҳавонавардии Толибон гуфт, ки дар ҳар 24 соат беш аз 100 ҳавопаймо аз ҳарими ҳавоии Афғонистон убур мекунанд.

«Мо дар ҳар 24 соат беш аз 100 ҳавопаймои транзитӣ дорем ва ҳар як ҳавопаймои транзитӣ бояд 700 доллар боҷи транзитӣ ба Афғонистон пардохт кунад», - афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол Хон Ҷон Алкузӣ, узви Шӯрои мудирони Палатаи савдо ва сармоягузории Афғонистон гуфт: «Бо вуруди Имороти исломӣ маҳдудиятҳои иқтисодӣ ба миён омад ва ширкатҳои ҳавопаймоии байналмилалӣ, аз ҷумла Иморат ва ширкати ҳавопаймоии Туркия, ки ба ин фаъолиятҳо мусоидат мекарданд , баста шуданд».

Бар асоси иттилои Вазорати нақлиёт ва ҳавонавардии Толибон, айни замон тоҷирон тавассути боркашонии ҳавоӣ ба Ҳиндустон, Чин, Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб маҳсулоти тиҷоратии худро содир ва ворид мекунанд.

 

*Фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон мамнӯъст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед