Ru  | Tj
Ҳар рӯз бештар: Омори гирифторшавӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон меафзояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳар рӯз бештар: Омори гирифторшавӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон меафзояд
Акс: Вечёрка

Ҳар рӯз бештар: Омори гирифторшавӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон меафзояд

Нашр шуд

Дар рӯзҳои истироҳати ин ҳафта мутаносибан 78 ва 87 нафар шаҳрвандон ба бемории коронавирус гирифтор шудаанд, ки ин баландтарин нишондод аз замони хуруҷи дубораи COVID-19 дар Тоҷикистон аст.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи 24-уми июл 78 ва 25-уми июл 87 ҳолати гирифторшавии шаҳрвандони кишвар ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин рӯзҳои шанбе ва якшанбе 145 нафар пас аз муолиҷа шифо ёфтаанд ва як нафар ҳам ҷони худро аз даст додааст.

Бар пояи хабарҳои расмӣ, аз аввали бақайдгирии ин беморӣ то 25-уми июл дар Тоҷикистон 14592 нафар ба коронавирус сироят ёфтаву 14096 нафар (96,5%) шифо ёфтаанд ва 117 нафар ҷон бохтаанд.

Маъракаи ваксиназанӣ дар Тоҷикистон идома дорад ва наздик ба панҷсад ҳазор нафар то имрӯз аз коронавирус эм шудаанд. Ҳоло дар кишвар ду намуд ваксина - AstraZeneca ва CoronaVac ба мардум пешниҳод мешавад. Ҳафтаи гузашта Вазорати тандурустӣ иттилоъ дода буд, ки Тоҷикистон дар садади харидории боз 3 миллиону 400 ҳазор ваксинаи CoronaVac аз Чин аст.

Омор: Дар Тоҷикистон боз 29 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед