Ru  | Tj
Арабистони Саудӣ дар 7 сол 22 лоиҳаро дар Тоҷикистон маблағгузорӣ кардааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Арабистони Саудӣ дар 7 сол 22 лоиҳаро дар Тоҷикистон маблағгузорӣ кардааст
Акс: Интернет

Арабистони Саудӣ дар 7 сол 22 лоиҳаро дар Тоҷикистон маблағгузорӣ кардааст

Нашр шуд

Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон аз соли 2015 то имрӯз дар Тоҷикистон 22 лоиҳаро бо арзиши умумии беш аз 13,9 миллион доллар маблағгузорӣ кардааст.

Ба иттилои хабаргузории "Ховар", Валид ибни Абдураҳмон ар-Рушайдон, Сафири Саудӣ дар Душанбе дирӯз зимни брифинг ба муносибати Рӯзи миллии кишвараш бо баëни ин матлаб гуфт, ки Арабистони Саудӣ ба муносибатҳои худ бо Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Сафир афзуд, ки ҳамчунин, Сандуқи Саудии Рушд, ки аз соли 2003 дар Тоҷикистон фаъолият дорад, то имрӯз барои роҳандозии чандин лоиҳа дар бахшҳои тандурустӣ, маориф, нақлиёт ва системаҳои обёрӣ дар вилояти Хатлон ба маблағи 174 миллион доллар (1 миллиарду 936 миллион сомонӣ) қарзи имтиёзнок ҷудо намудааст.

Валид ибни Абдураҳмон ар-Рушайдон бо ишора ба рушди равобити Душанбеву Риëз таъкид дошт, ки бар пояи сиëсатҳои хирадмандонаи сарони ду давлат дар муносибатҳои дуҷониба такони ҷиддӣ ва густариши бемайлон мушоҳида мегардад.

Бояд гуфт, ки имсол ба барқарор гардидани равобити дипломатӣ миëни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ 30 сол пур мешавад. Саудӣ аз нахустин кишварҳои арабӣ буд, ки бо Тоҷикистон равобити дипломатӣ барқарор намуд. То имрӯз миëни ду кишвар чандин ëддошти тафоҳум ва асноди ҳамкорӣ ба имзо расидаанд. Ахиран ин кишвар ҷиҳати мубориза бар зидди пандемияи COVID-19 ба Тоҷикистон кумаки тиббӣ, аз қабили ниқобҳо, дастпӯшҳо, либосҳои тиббӣ ва ғайра ба маблағи умумии 500 ҳазор доллари ИМА расонида буд.

Хадамоти гумрук: Муомилоти молии Тоҷикистон бо кишварҳои узви СҲШ зиëд шудааст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед