Ru  | Tj
Ҳаракати автобусҳо миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистони дубора аз сар гирифта мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳаракати автобусҳо миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистони дубора аз сар гирифта мешавад
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

Ҳаракати автобусҳо миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистони дубора аз сар гирифта мешавад

Нашр шуд

Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон комиссияи муштараки ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Тошканд ҷаласаи навбатӣ баргузор карданд.

Ин ҷаласа бо раҳбарии муовини Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода ва муовини Вазири нақлиёти Ӯзбекистон Абусамад Муминов дар Ӯзбекистон баргузор шуд ва тарафҳо дар мавриди чигунагии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи ҳамлу нақли автомобилӣ баҳсу гуфтугӯ карданд.

Дар ин нишасти муштарак ҳар ду тараф ба барқарор намудани ҳаракати автобусҳо байни ду кишвар, ки бар асари пандемияи коронавирус мутаваққиф шуда буд, табодули афкор намуданд. Ҳамчунин дурнамои рушди даҳлези нақлиётии Ӯзбекистон-Тоҷикистон-Чин матраҳ гардид.

Қобили ёдоварист, ки ҳаракати автобусҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 15-уми майи соли 2018 пас аз 26 соли таваққуф дубора фаъол шуд. Аммо аз 16 -уми марти соли 2020 ба далели коронавирус Ӯзбекистон ҳаракати нақлиётро аз кишварҳои дигар ба қаламраваш маҳдуд кард ва аз 1-уми сентябри соли 2021 тадриҷан ба лағви маҳдудият шурӯъ намуд.


Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба баррасии масъалаи ифтитоҳи сарҳад оғоз намуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед