Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои харобшудаи кӯҳистони Тоҷикистон барқарор шуд
Нашр шуд
Роҳсозони Тоҷикистон ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар манотиқи кӯҳистонӣ идома медиҳанд.
Рӯзҳои охири моҳи июли соли ҷорӣ бар асари аз меъёр зиёд гардидани гармии ҳаво ва об шудани пиряхҳо дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сатҳи оби рӯдҳо баланд гардида, селоб роҳҳои мошингардро хароб кард.
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, аз ҷумла, рӯзи 28 июл сатҳи дарёи Сурхоб баланд гардида, 600 метр роҳ дар километри 255-уми роҳи дорои аҳамияти байналмилалии «Ваҳдат -Рашт -Лахш - сарҳади Қирғизистон» зери об монд, ки дар натиҷа ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт тавассути он муваққатан қатъ гардид.
Гуфта мешавад, ки роҳсозони минтақаи Рашт ва Лахш бо ҷалби неруи корӣ, 6 адад техникаи вазнини муҳандисӣ ба масофаи 800 метр бо паҳноии 5 метр роҳи таворавӣ омода ва ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиётро таъмин намуданд.
Инчунин 28 июл, бинобар аз меъёр зиёд гардидани сатҳи оби дарёи Хингоб дар километри 48-уми роҳи мошингарди байналмилалии «Лабиҷар-Сангвор» 300 метр роҳ зери об монд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Сангвор ба дарозии 750 метр роҳи таворавӣ сохта, ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин карда шуд.
Гуфта мешавад, ки баъди паст гардидани сатҳи оби дарёҳои Сурхобу Хингоб қисматҳои харобгардидаи роҳҳо аз нав барқарор карда мешаванд.
Дар ҳамин ҳол бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 2 то 5 августи соли 2024 дар ноҳияҳои алоҳидаи тобеи марказ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гармии ҳаво, баландшавии сатҳи об дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Сурхоб, Панҷ, Вахш ва хатари омадани сел боқӣ мемонад.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ офатҳои табиӣ ба ин кишвар ба маблағи беш аз 130 млн сомонӣ хисорот ворид кард. Аз ҷумла дар пайи селу обхезӣ дар Тоҷикистон 66 пул ва 294,2 км роҳи мошингард зарари ҷиддӣ диданд.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед