Ru  | Tj
Қариб 100 миллиард сомонӣ. Сарвазир аз афзоиши ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон хабар дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қариб 100 миллиард сомонӣ. Сарвазир аз афзоиши ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон хабар дод
Акс: Sputnik

Қариб 100 миллиард сомонӣ. Сарвазир аз афзоиши ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон хабар дод

Нашр шуд

Қоҳир Расулзода гуфт, ки соли гузашта ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 98,9 миллиард сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиши он баробар ба 9, 2 фоиз будааст. 
Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дирӯз ин матлабро Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода  дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон таъкид намуд. 

Вай ки дар ҳузури Президент ва аъзои Ҳукумат дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2021  ҳисобот медод, зикр намуд, ки соли гузашта ҳамчунин нисбат ба соли 2020 1,6 баробар бештар сармояи хориҷӣ ворид шудааст.
Расулзода дар идома аз 13 дарсад афозиш ёфтани ҳаҷми умумии гардиши савдои Тоҷикистон дар соли 2021 хабар дод ва афзуд, ки тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат боис гардид, ки соли гузашта гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба соли 2020 — 39,5 фоиз афзоиш ёбад.

Зикр шуд, ки дар соли гузашта аз ҳисоби буҷети давлат барои рушди соҳаи маориф 5,6 миллиард сомонӣ  ва  ба соҳаи тандурустӣ 2,3 миллиард сомонӣ равона гардид, ки ин нишондиҳанда назар ба соли қаблӣ мутаносибан  12 фоиз ва 27,6 фоиз зиёдтар аст. 
Вай ҳамчунин баён дошт, ки соли 2021 ба қисми даромади умумии буҷети давлатӣ 29,5 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки ин нисбат ба нақша 1,3 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамасола дар миёнаҳои моҳи январ дар Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати кишвар баргузор мешавад. Дар ин ҷаласа Президент ҳисоботи аъзои Ҳукумат, ниҳодҳои давлатӣ, Раисони вилоятҳо  ва шаҳру навоҳиро мешунавад ва пас аз анҷоми он маъмулан тағйироти кадрӣ анҷом медиҳад.  

Қаблан Вазорати рушди иқтисод ва савдо гуфта буд, ки рушди ММД асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ таъмин гардидааст. 

Раиси Бонки Миллӣ аз афзоиши 8,7 фоизии ММД ва рушди муътадили иқтисоди кишвар хабар дод



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед