Ru  | Tj
Қариб 14 ҳазор аз 14 кишвар. Вазир шумори донишҷӯёни хориҷӣ дар Тоҷикистонро гуфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қариб 14 ҳазор аз 14 кишвар. Вазир шумори донишҷӯёни хориҷӣ дар Тоҷикистонро гуфт
Акс: Sputnik

Қариб 14 ҳазор аз 14 кишвар. Вазир шумори донишҷӯёни хориҷӣ дар Тоҷикистонро гуфт

Нашр шуд

Вазири маориф ва илм аз афзоиши таваҷҷӯҳи шаҳрвандони хориҷӣ барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар гуфт.

Ба гузориши halva.tj, Муҳаммадюсуф Имомзода дирӯз дар нишасти хабарии Вазорати маориф ва илм гуфт, ки соли гузашта ба макотиби олии Тоҷикистон беш аз 4 ҳазору 800 шаҳрванди хориҷӣ пазируфта шудаанд.

Вазир афзуд, ки айни замон дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳудуди 14 ҳазор донишҷӯи хориҷӣ аз 14 кишвари ҷаҳон ба омӯзиш машғуланд.

Имомзода ҳамчунин дар мавриди таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар хориҷ аз кишвар маълумот додаву гуфт, ки соли гузашта барои шаҳрвандони кишвар аз ҳама бештар Русия бурсияҳои таҳсилӣ ихтисос додааст.

Вай дар тавзеҳи ин матлаб зикр намуд, ки соли 2021 ба донишҷӯёни тоҷик Русия - 630, Қазоқистон - 50, Қирғизистон - 50, Беларус - 8, Украина - 20 ва Озарбойҷон 4 бурсия ҷудо намуда буд ва имтиҳонҳо барои дарёфти онҳо дар марказҳои вилоятҳо ва шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки соли гузашта Ҷопон, Полша ва Ҷумҳурии Корея барои хизматчиёни давлатии Тоҷикистон идрорпулӣ ҷудо кардаанд.

Аммо Вазир иттилоъ надод, ки шаҳрвандони хориҷӣ аз ҳама бештар ба кадом донишгоҳи Тоҷикистон дохил шудаанд.

Афзоиши шумори донишҷӯёни хориҷӣ дар макотиби олии кишвар дар ҳолест, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли гузашта дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олӣ аз сатҳи таълим дар донишгоҳҳои Тоҷикистон шадидан интиқод карда буд. Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла гуфта буд, ки донишгоҳҳо диплом медиҳанд, аммо каллаҳо холист.


Сафорати Русия дар Тоҷикистон вазъро бо донишҷӯёни хориҷӣ равшан кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед