Ru  | Tj
Қариби 90 ҳазор сомонӣ: афзоиши ҷарима барои беэътиноӣ дар тарбияи кӯдакон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қариби 90 ҳазор сомонӣ: афзоиши ҷарима барои беэътиноӣ дар тарбияи кӯдакон
Акс: аз манбаъҳои боз

Қариби 90 ҳазор сомонӣ: афзоиши ҷарима барои беэътиноӣ дар тарбияи кӯдакон

Нашр шуд

Мақомоти Тоҷикистон фарогирии қонуни масъулият дар таълиму тарбияи кӯдаконро бештар карданд.

Аз ин ба баъд дар таълиму тарбияи кӯдакон натанҳо падару модарон, балки парасторон, омӯзгорон, мансабдорон ва фаъолони ҷомеа низ масъул ҳастанд. Ҳамзамон андозаи ҷарима низ барои қонуншиканӣ дар соҳаи маориф низ зиёд шуд.

Қонуни дар таҳрири нав қабулшуда ҳамакнун “Дар бораи масъулият барои таълим ва тарбияи кӯдак” ном дорад. Аз ин рӯ, минбаъд дар тарбияи насли наврас танҳо волидон масъул нестанд.

Хотиррасон мекунем, ки ахиран ба қонуни Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он таҳсил дар синфҳои 10 ва 11 ҳатмӣ гардид.

Дар робита ба ин, ба моддаи 164 ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, ки монеа шудан ба таҳсилоти миёнаи умумиро дар бар мегирад, тағйирот ворид карда шуд. Ҳоло барои ин кирдор ҷарима ба андозаи аз 1000 то 1200 нишондиҳандаи барои ҳисобҳо пешбинӣ шудааст. Айни замон дар Тоҷикистон як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 72 сомонӣ баробар аст.

Яъне тибқи ин модда гунаҳкорон  аз 72 ҳазор то 86,4 ҳазор сомонӣ ҷарима мешаванд. Инчунин муҷримонро кори маҷбурӣ аз 180 то 240 соат ё маҳрумият аз озодӣ то 2 сол таҳдид мекунад.

Тағйирот ҳамчунин ба моддаи 174-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ворид шуд, ки барои накардани ӯҳдадориҳо дар тарбия ва таълими ноболиғон дахл дошта, дар он ҷарима аз 700 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо - аз 50,4 ҳазор то 72 ҳазор сомонӣ, кори ҳатмии то 240 соат ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин ба моддаи 90-уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, иҷро накардани ӯҳдадорӣ барои таълиму тарбияи кӯдак тағйирот ворид шуда, ҷарима зиёд шуд.

Тибқи ин модда барои бе сабабҳои узрнок ба таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз панҷоҳ соати дарсӣ дар як чоряки соли таҳсил фаро нагирифтани кӯдак аз тарафи падару модар ва шахсе, ки кӯдак таҳти тарбияи ӯ қарор дорад, ба андозаи аз даҳ то дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз 720 то 864 сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

Дар сурати такрор шудани ин кирдор андозаи ҷарима аз 30 то 35 нишондиҳанда, яъне аз 2160 то 2520 сомониро ташкил хоҳад дод.

Дар баробари ин андозаи ҷаримаҳо барои ба кӯдак додани иҷозати воридшавӣ ба марказҳои дилхушӣ ва марказҳои бозиҳои компютерӣ ва дигар қонуншиканиҳое, ки ноболиғон содир мекунанд афзоиш дода шуданд.

Гуфтанист, қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бори аввал дар Тоҷикистон соли 2011 қабул шуда буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед