Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Қарордоди таҷдиди роҳи мошингарди Бохтар – Леваканд – Данғара имзо шуд
Нашр шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо ширкатҳои паймонкор қарордоди таҷдиди роҳи мошингарди Бохтар – Леваканд – Данғараро имзо кард. Дар ин миён ду ширкати бумӣ (маҳаллӣ) низ барои мушорикат дар ин лоиҳа интихоб шудаанд.
Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 26-уми январ раҳбари ин ниҳод Азим Иброҳим бо ширкати «Nanjing Communication Engineering Co. Ltd»-и Чин ва ҳамчунин бо ширкати бумии «Заводи Асфалту Бетон» барои амалисозии лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Бохтар – Леваканд – Данғара қарордод (шартнома) имзо кард. Ин манбаъ менависад, ки лоиҳаи мазкур аз ду бахш қитъаи якум «Бохтар – Леваканд» (9,72 км) ва қитъаи дуюм «Леваканд – Лолазор» (30,28 км) иборат аст.
Дар ин миён Вазорати нақлиёти Тоҷикистон таъкид мекунад, ки бори аввал ду ширкати маҳаллии ҶДММ «ИДЕАЛ-СЕРВИС» ва ҶСП «Заводи Асфалту Бетон» дар озмуни байнулмилалӣ, ки беш аз 18 ширкати хориҷӣ низ иштирок доштанд, аз ҷониби Бонки тавсеъаи осиёӣ ғолиб дониста шуданд. Гуфта мешавад, ки назорати сифати корҳои сохтмонӣ дар ин лоиҳаро ширкати австралиягии «СМЕК» бар дӯш дорад.
Бояд гуфт, ки тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон дар соли 2023 дар ин кишвар амалисозии 5 тарҳи нақлиётӣ – сохтмони роҳҳои мошингарди Гулистон – Кӯлоб (32,5 километр), Данғара – Гулистон (49,2 километр), Гулистон – Фархор (40 километр), Бохтар – Леваканд – Данғара (40 километр), 4 қитъаи роҳ дар вилояти Суғд (52 километр) ва сохтмони пулҳо дар болои дарёҳои Ғунд, Шорфдарё ва долонҳо дар минтақаи Барсем (4,6 километр) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз мегардад.
Дар ин замина зикр мешавад, ки дар се соли оянда дар Тоҷикистон 6 лоиҳаи нақлиётӣ ба маблағи 7,4 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, дар ин кишвар 317 километр роҳи байнулмилалии мошингард, 32 пул, 5 нақб бо дарозии 11,2 километр ва 7 долон бунёд мешавад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед