Ru  | Tj
Арзиши маҳсулоти ғиз­оии ниëзи аввал дар Тоҷикистон поëн рафт­ааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Арзиши маҳсулоти ғиз­оии ниëзи аввал дар Тоҷикистон поëн рафт­ааст
Акс: Интернет

Арзиши маҳсулоти ғиз­оии ниëзи аввал дар Тоҷикистон поëн рафт­ааст

Нашр шуд

Дар як ҳафтаи гузашта нархи се маҳсулоти ғизоии ниëзи аввал​ дар Тоҷикистон поëн рафтааст.

Ба гузориши хабаргузории расмии "Ховар",​ мушоҳидаи нархҳо дар 8 бозори Тоҷикистон нишон до­дааст, ки қимати баъ­зе маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла орд, равған ва шакар дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта поён рафтааст.

Гуфта мешавад, Барн­омаи ҷаҳонии озуқаво­рии СММ (WFP) низ 25­-уми август арзёбии ахири нархҳо дар Тоҷ­икистонро нашр карда­аст, ки тибқи он қим­ати ин се маҳсулоти ниëзи аввал аз 1 то 3 дарсад коҳиш ëфтаа­ст.

Манбаъ афзудааст, ҳоло қимати як кило орд дар Душанбе андаке бештар аз 7 сомонӣ аст, ки нисбат ба ҳафтаи гузашта се дар­сад арзонтар мебошад. Дар аксари бозорҳои ноҳияҳо нархи як кило орд ҳудуди 6 сом­онӣ аст. Нархи 5 литр равған, ки чанд ҳа­фта пеш 160 сомонӣ буд, ҳоло то 140 сомонӣ поён рафтаас­т.

Таъкид мегардад, ки сабаби коҳиши нархҳо расидани мавсими ҳосилғундорӣ ва афзои­ши воридоти маҳсулоти ғизоӣ арзёбӣ мешав­ад.

Бояд гуфт, ки чанд соли охир Сарвари дав­лат Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба печида га­рдидани вазъи таъмин­оти аҳолии сайёра бо маводи ғизоӣ дар па­йи нооромиҳо ва буҳр­онҳо аз мардуми кишв­ар даъват ба амал ме­орад, ки барои ду со­ли оянда маводи ғизоӣ захира намоянд.

Қаблан Вазорати кишо­варзӣ аз афзоиши ист­еҳсоли маҳсулоти киш­оварзӣ дар соли ҷорӣ дар кишвар хабар до­да буд.

БАОР: Иқтисоди Тоҷикистону Арманистон афзоиш ва аз Русияву Белорус коҳиш ëфтааст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед