Ru  | Tj
Арзиши неруи барқ дар Тоҷикистон боло рафт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Арзиши неруи барқ дар Тоҷикистон боло рафт
Акс: ASIA-Plus

Арзиши неруи барқ дар Тоҷикистон боло рафт

Нашр шуд

Арзиши истифодаи барқ дар Тоҷикистон барои аҳолӣ ҳудуди 4 дирам боло рафта, ба беш аз 26  дирам расидааст.

Рӯзномаи расмии "Ҷумҳурият" Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 31-уми августи соли 2022 дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ интишор намуд.

Бар асоси ин қарор аз 1-уми октябри соли ҷорӣ аҳолии кишвар барои ҳар киловат соат неруи барқ ба ҷои 22,66 дирами қаблӣ акнун 26,51 дирам пардохт мекунанд.

Ҳамчунин, қувваи барқ барои корхонаҳои саноатӣ дар нархномаҳои нав 60,65 дирам, корхонаҳои буҷетӣ - 26,51, барои насосҳои обкашӣ дар баҳору тобистон 9,2 дирам ва дар тирамоҳу зимистон 26,51 дирам муқаррар гардидааст.

Расонаи Sputnik навиштааст, ки болоравии нархҳо ба Ширкати алюминийи тоҷик - ТАЛКО, ки  аз бузургтарин истифодабарандагони барқ дар кишвар аст, дахл надорад.

Қаблан  Далер Ҷумъа, Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз зарурати боло бурдани нархи барқ дар ҷумҳурӣ гуфтаву таъкид дошта буд,  ки қимати он аз соли 2019 то ҳол зиёд нашудааст.

Бо ин ҳама, бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии арзонтарин неруи барқ ​​барои аҳолӣ дар соли 2022 дар ҷои шашум қарор гирифтааст.


Беш аз 2 миллиард сомонӣ. Қарзи “Барқи Тоҷик” аз “Сангтӯда-1” боз афзоиш ёфтааст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед