Ru  | Tj
Ашраф Ғанӣ: “Эътимод ба Амрико боиси суқути Афғонистон шуд”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ашраф Ғанӣ: “Эътимод ба Амрико боиси суқути Афғонистон шуд”
Акс: Интернет

Ашраф Ғанӣ: “Эътимод ба Амрико боиси суқути Афғонистон шуд”

Нашр шуд

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури фирории Афғонистон сабаби аслии суқути ҳукумати ӯ ва Афғонистонро такя ба шарикони байналмиллалӣ, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико унвон кард.

Дирӯз дар мусоҳиба бо як расонаи англисизабон Ашраф Ғанӣ афзуд, эътимод ба қудратҳои ғарбӣ ва амрикоӣ боиси суқути Афғонистон шудааст.

Бояд гуфт, бар асоси тавофуқ байни Толибон* ва ИМА ҷангҷӯёни ин гурӯҳ бо пирӯзӣ вориди Кобул шуданд ва сипас кобинаи худро ташкил карданд.

Қобили ёдоварист, ки ҷаноби Ашраф Ғанӣ шаҳрванди ИМА аст ва ҳама аҳлу аёли ӯ дар онҷо зиндагӣ мекунанд.

Дирӯз раисҷумҳури Амрико Ҷозеф Байден низ дар саотҳо суханронии байналмилалии худ аз Афғонистон ёд накард, сипас сухангӯи ӯ дар ин бора “вақт надоштем” гуфт.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


Ҳашмат Ғанӣ: “Ҳамсари Ҳамидуллоҳ Муҳиб ҷосуси Хадамоти кашфи Покистон буд ва аз Арг ҷосусӣ мекард”




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед