Ru  | Tj
Ашраф Гулов ба Седат Онал нусхаи эътимодномаашро таслим кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ашраф Гулов ба Седат Онал нусхаи эътимодномаашро таслим кард
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ашраф Гулов ба Седат Онал нусхаи эътимодномаашро таслим кард

Нашр шуд

Ашраф Гулов ба Седат Онал, муовини Вазири корҳои хориҷии Туркия нусхаи эътимодномаи худро таслим кард.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафири тозамансуби Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия ба муовини Вазири корҳои хориҷии ин кишвар рӯзи 3-юми август нусхаи эътимодномаи худро супорид.

Манбаъ афзуд, дар мулоқоте, ки пас аз маросими таслими эътимоднома баргузор гардид, Ашраф Гулов ва Седат Онал масоили муҳимми муносибатҳои Тоҷикистону Туркияро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо перомуни дурнамои рушди равобити дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, фарҳангу илм ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн табодули назар намуданд.

Ашраф Гулов аввали моҳи июл ба мақоми Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия таъин шуда буд. Ин дипломати тоҷик қаблан дар вазифаҳои консули генералӣ дар Русия ва сардори Раёсати кадрҳо ва иттилооти махсуси Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ дар ин мақом Раҷабиён Маҳмадалӣ Давлатшоро иваз кард, ки чанд моҳе пеш ба нафақа баромад.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Чин рафт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед