Ru  | Tj
Қатар дар Тоҷикистон иншооти варзишӣ месозад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қатар дар Тоҷикистон иншооти варзишӣ месозад
Акс: ASIA-Plus

Қатар дар Тоҷикистон иншооти варзишӣ месозад

Нашр шуд

Ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Сафири давлати Қатар дар Тоҷикистон мулоқот анҷом дод.

Чӣ тавре, ки Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, вохӯрии Абдуллозода Аҳтам бо Иброҳим ибни Муҳаммад Ал-Абдулло рӯзи 14-уми декабр сурат гирифтааст.

Ба таъкиди манбаъ, ҷонибҳо дар мулоқот масъалаи сохтмони бинои варзишӣ барои варзиши сабук дар шаҳри Душанберо муҳокима намуда, пешниҳод кардаанд, ки дастаҳаои мунтахаби ҳарду давлат дар Қатар ва Тоҷикистон машқҳои муштаракро ба роҳ монанд.

Хотиррасон менамоем, ки Давлати Қатар дар соли 2022 мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ва соли 2030 мизбони Бозиҳои Осиё хоҳад буд.

Сафири Қатару Вазири кишоварзӣ ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва бунёди бинои нави Донишгоҳи аграриро баррасӣ карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед