Ru  | Tj
Қатар миёнҷигарӣ байни Ҳамос ва Исроилро мутаваққиф кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қатар миёнҷигарӣ байни Ҳамос ва Исроилро мутаваққиф кард
Акс: Аз манбаъҳои боз

Қатар миёнҷигарӣ байни Ҳамос ва Исроилро мутаваққиф кард

Нашр шуд

Хабаргузории Reuters бо истинод ба як манбаи огоҳ хабар дод, ки Қатар миёнҷигарӣ миёни Ҳамос ва Исроил барои расидан ба созиши оташбас дар Ғазза ва раҳоии гаравгонҳоро қатъ мекунад.

Ин манбаъ ба хабаргузории Reuters гуфтааст, ки "қатариҳо аз оғози низоъ гуфтаанд, ки танҳо замоне метавонанд миёнаравӣ кунанд, ки ҳарду ҷониб ба дарёфти роҳи ҳал таваҷҷуҳи воқеӣ зоҳир кунанд".

Ба гузориши хабаргузории Reuters, Қатар Амрико, Исроил ва Ҳамосро огоҳ кардааст, ки агар Ҳамос ва Исроил хоҳиши самимӣ барои бозгашт ба мизи музокира бо ҳадафи хатми ҷангро нишон диҳанд, метавонад нақши миёнҷии худро аз сар бигирад.

Бояд гуфт, ки Қатар ҳамроҳ бо Амрико ва Миср талошҳо барои музокира миёни Ҳамос ва Исроил барои расидан ба созиши оташбас дар Ғазза ва раҳоии гаравгонҳоро пеш мебаранд.

Аммо моҳҳо талошҳои ин кишварҳо натиҷае надод ва ҳамалоти Исроил ба навори Ғазза идома дорад ва Ҳамос гаравгонҳои исроилиро раҳо накардааст.

Қатар аз миёнаравӣ дар музокироти оташбас дар ҳоле даст кашид, ки ахиран Reuters хабар дод, Амрико аз ин кишвар хостааст, то дафтари Ҳамосро баста ва раҳбарони онро аз Давҳа ихроҷ кунад.

Як манбаъ, ки бо хабаргузории Reuters суҳбат мекард, гуфт, Қатар ба ин натиҷа расидааст, ки дафтари сиёсии Ҳамос дар Давҳа дигар ба ҳадафи худ амал намекунад.

Давлати Қатар дар ин бора расман изҳори назар накардааст, аммо бино ба гузориши хабаргузории Reuters, ин кишвар то ҳол барои бастани дафтари Ҳамос дар Давҳа ва хуруҷи раҳбарони он муҳлат муқаррар накардааст.

Маълум нест, ки чанд тан аз раҳбарони Ҳамос дар Қатар ҳастанд, аммо теъдоде аз чеҳраҳои саршиноси ин гуруҳ, аз ҷумла Холид Машъал ва Халил ал-Ҳия дар ин кишвар ба сар мебаранд.

Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос, ки дар Теҳрон кушта шуд, низ дар Қатар зиндагӣ мекард.

Гуфтанист, Қатар як кишвари кӯчак, вале бонуфуз дар Халиҷи Форс ва ҳампаймони муҳими Амрико дар минтақа аст.

Дар ин кишвар як пойгоҳи бузурги ҳавоии Амрико вуҷуд дорад ва то кунун дар онҷо музокироти хеле ҳассоси сиёсӣ, аз ҷумла бо Эрон, Толибон* ва Русия сурат гирифтааст.

Қатар дар баробари Амрико ва Миср низ дар чанд даври нокоми музокирот барои миёнҷигарии оташбас дар Ғазза нақши муҳим бозидааст.


*-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед