Ru  | Tj
Ато Муҳаммади Нур: “Моҳи асли Толибон ба зуддӣ ба поён мерасад”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ато Муҳаммади Нур: “Моҳи асли Толибон ба зуддӣ ба поён мерасад”
Акс: Sputnik

Ато Муҳаммади Нур: “Моҳи асли Толибон ба зуддӣ ба поён мерасад”

Нашр шуд

Ато Муҳаммади Нур, волии пешини Балх ва раҳбари "Шохаи Нур"-и ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон ба изҳороти Шаҳобуддин Диловар, иҷрокунандаи вазифаи Вазири маъдани Толибон*, ки гуфтааст, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба онҳо 15 нафарро барои шомил кардан дар давлат муаррифӣ кардааст, вокуниш нишон дода ва онро рад кардааст.

Дар ин бора Ато Муҳаммад чунин гуфтааст: "Мулло Диловар, яке аз вазирони ҳукумати худхондаи Толибон, гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба онҳо рӯихати 15 нафарро барои пайвастан ба ҳукумати фарогир додааст. Ҷаноби Диловар кур хондааст ва тасаввур кардааст, ки ман ташнаи қудрат ҳастам.

Вақте ман муовинияти оқои Карзай ва Ғаниро напазируфтам, аз даҳҳо мақомҳои давлатӣ рӯй гардонидам, чӣ гуна метавонам биёям ва ба ҳукумати Толибон бипайвандам? Ҳеҷ гоҳ."

Ҳамчунин ӯ гуфта, ки ягона роҳи поёни бӯҳрон дар Афғонистон эҷоди гуфтугӯ ва тафоҳум аст, на ҷанг. Лекин ӯ таъкид кард, ки моҳи асли Толибон ба зуддӣ поён мерасад ва онҳо бо ҳақиқат рӯбарӯ мешаванд.

Ато Муҳаммади Нур ва генерал Дӯстум ду раҳбар дар шимоли Афғонистон қабл аз фарори Ашраф Ғанӣ аз ҷанг даст кашида, ба Ӯзбекистон гурехтанд ва аз онҷо ба Туркия рафтанд.

Бояд гуфт, ки дориҳоии ҷаноби Ато Муҳаммади Нур дар Кобул ва Мазори Шариф аз тарафи Толибон забт шудааст.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


ИМА: “Мо аз мухолифати мусаллаҳона бар зидди Толибон пуштибонӣ намекунем”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед