Ru  | Tj
Ҷавобгарӣ барои пиёдагардоне, ки қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон мекунанд, пурзӯр мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷавобгарӣ барои пиёдагардоне, ки қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон мекунанд, пурзӯр мешавад
Акс: Sputnik

Ҷавобгарӣ барои пиёдагардоне, ки қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон мекунанд, пурзӯр мешавад

Нашр шуд

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки ба "Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ" тағйиру илова ворид гардад.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дирӯз ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода сурат гирифта, дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муҳокима гардид.

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки теъдоди зиёди садамаҳои нақлиётӣ аз қоидавайронкунии пиёдагардон рух медиҳад.

Дар асоси лоиҳаи қонуни нав барои гузаштан аз сабзазор, гулзори қад-қади роҳҳо, боғҳои ҳудуди шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин дар лоиҳаи қонун ҷавобгарии маъмурӣ пурзӯр карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан барои гузаштан аз ҷойҳои муқарраргардидаи роҳ пиёдагардонро ба андозаи 7 сомонӣ ҷарима мебастанд.

Бояд гуфт, ки соли гузашта дар пойтахти кишвар дар маҷмӯъ 183 132 ҳолати вайронкуии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сабт гардида, аз ин шумора 35 926 адади он аз ҷониби пиёдагардон содир гаштааст.

Гумонбар дар куштори Руфайда Иноятова бо ду моддаи КҶ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед