Ru  | Tj
Ҳавои гарм дар Тоҷикистон то 5 август боқӣ мемонад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳавои гарм дар Тоҷикистон то 5 август боқӣ мемонад
Акс: аз манбаъҳои боз

Ҳавои гарм дар Тоҷикистон то 5 август боқӣ мемонад

Нашр шуд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳушдор дод, ки мардум дар рӯзҳои ҳавои гарм эҳтиёткор бошанд. Дамои ҳаво дар қаламрави ин кишвар то рӯзи 5 август ҳамчунон боқӣ мемонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон шаҳрвандон ва меҳмонони ин кишварро огоҳ кард, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ то рӯзи 5 август дар ин кишвар ҳавои гарму хушк хоҳад буд.

Тибқи иттилои ин ниҳод, дар ин рӯзҳо дар водиҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд ҳарорат +43, дар як қатор ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ ҳарорати ҳаво то 31+36 ва дар ноҳияи Дарвоз то +39 дараҷа гарм мешавад.

Ҳамзамон таъкид мешавад, ки аз 30 июл то 5 август бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҳавзаҳои дарёҳои Зарафшон, Панҷ ва Вахш болоравии сатҳи об ва дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани сел бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.

Ҳамчунин аз 30-уми июл то 2 август дар аксари ноҳияҳои вилояти Хатлон, навоҳии тобеи марказ, шаҳри Душанбе тағйирёбии обу ҳаво тӯфони гарду ғубор дар назар аст. Ин метавонад боиси олудагии ҳавои атмосфера бо маводи муаллақи (гарду ғубор) ҳиссачаҳои андозаи 10 мкр (Pm-10) ва 2,5 мкр (Pm-2,5) гардад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар ин рӯзҳо ба шаҳрвандон хотиррасон мекунад, ки то ҳадди имкон камтар дар зери нури офтоб бошанд.

Бахусус тазаккур дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо таъсири нурҳои офтоб аз соати 11 то 17 бештар аст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед