Ru  | Tj
Ҳавонавардони НҲҲ Афғонистон, ки дар Ӯзбекистон паноҳ бурданд, ба пойгоҳи низомии ИМА интиқол меёбанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳавонавардони НҲҲ Афғонистон, ки дар Ӯзбекистон паноҳ бурданд, ба пойгоҳи низомии ИМА интиқол меёбанд
Акс: Sputnik

Ҳавонавардони НҲҲ Афғонистон, ки дар Ӯзбекистон паноҳ бурданд, ба пойгоҳи низомии ИМА интиқол меёбанд

Нашр шуд

Дар ду рӯзи охир аллакай як қатор ҳавонавардони Афғонистонро ҳамроҳ бо наздиконашон аз Ӯзбекистон, ки тақрибан як моҳ дар ин кишвар паноҳ бурданд, гусел намуданд.

Ба иттилои "The Wall Street Journal", амалиёти интиқолёбии ҳавонавардони Нерӯи ҳарбии ҳавоии Афғонистон мувофиқ ба созишномаи байни ҳукумати ИМА ва Ӯзбекистон амалӣ мегардад.

Гуфта мешавад, ки гурезагонро нахуст ба пойгоҳи ҳарбии ИМА дар Қатар интиқол дода, баъдан онҳоро ба дигар кишварҳо сафарбар мекунанд. Аммо, ба иттилои сарчашма дар рӯзҳои истироҳатии сипаригардида парвози аввали ҳавонавардон ҳамроҳ бо наздиконашон ба Аморати Муттаҳидаи Араб анҷом дода шуд.

Пас аз забт шудани Афғонистон аз ҷониби Толибон*, (*Ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия) ҳавонавардони Нерӯи Ҳарбии Ҳавоии Афғонистон 40 адад ҳавопаймо ва чархболро рабуда, ҳамроҳ бо хешу табор, ки дар маҷмӯъ тақрибан 600 нафарро ташкил медоданд, ба Ӯзбекистон фирор намуданд.



Бори нахуст дар Душанбе. Сарони давлатҳои аъзои СҲШ ва СПАД вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунанд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед