Ru  | Tj
Ҷавондухтари тоҷик дар ҷашнвораи филмҳо дар Итолиё ҳунарманди беҳтарин дониста шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷавондухтари тоҷик дар ҷашнвораи филмҳо дар Итолиё ҳунарманди беҳтарин дониста шуд
Акс: Интернет

Ҷавондухтари тоҷик дар ҷашнвораи филмҳо дар Итолиё ҳунарманди беҳтарин дониста шуд

Нашр шуд

Рафоат Шоазимова, ҳунарпешаи ҷавони тоҷик дар фестивали байналмилалии Asti, ки дар Итолиё сурат гирифт, беҳтарин ҳунарманд дониста шуд.

Рафоат Шоазимова дар филми "Провенциальные мечтатели" (Хаёлпардозони музофотӣ) бо маҳорати баланд нақш офарида, аз рӯйи ин филм дар ҷашнвораи Итолиё беҳтарин ҳунарманд эътироф гардидааст.

Рафоат Шоазимова аз ин ғолибияташ дар ҳаяҷон буда, мегӯяд ғалаба барояш ғайричашмдошт буд.

"Ҳама дар офаридани нақш ба ман кӯмак карданд ва ин пирӯзии умумии мост. Ман шодам, ки филми тоҷикӣ дар Итолиё, ватани коргардонҳои барҷаста муаррифӣ шуд. Ман ин пирӯзиро мисли "Золушка" дарёфтам, ки ба бал мерасаду шоҳзодаро мебинад", - гуфтааст ҳунарпешаи тоҷик.

Коргардони филм, бародари Рафоат, Румӣ Шоазимов буда, ӯ дар саҳифаи худ дар Фейсбук ин рӯйдодро ба таври зайл шарҳ дод.

"Мо бениҳоят хурсанд ва хушҳолем! Ташаккури зиёд ба директори кинофестивал Риккардо Коста ва ба ҳамаи ташкилкунандагони ҷашнвораи Asti".

Ба гуфти ӯ, аҳли оила барномаро аз маросими ҷоизасупорӣ тамошо карданд, алалхусус тамошои ҳунармандони сатҳи ҷаҳонӣ дар озмуни кинематографистон хуш буд ва аз дастоварди хоҳари худ меболид.

Ғайр аз ин Шоазимов барои дастгирӣ ба давлат ва ширкати русии CinePromo барои пешбарӣ изҳори сипос намуда, саҳми тамоми даста ва ҳайати ҳунариро махсусан қайд кард.

Ёдрас бояд шуд, ки филми бадеии "Хаёлпардозони музофотӣ" соли 2020 дар киностудияи "Тоҷикфилм" ба навор гирифта шудааст. Қаблан ин филм дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳои "Падарон ва фарзандон" се ҷоиза ба даст оварда буд.

"Хоби ҳамдуна"-и коргардони тоҷик низ дар ҷашнвораи байналмилалӣ соҳиби ҷоиза гардидааст.

Ҳоло ин филм дар Севастопол низ дар доираи озмуни "Золотой Витяз" намоиш дода мешавад.

Худи Шоазимов иқрор шуд, ки филми нави ӯ дар жанри мураккаби мазҳака ба навор гирифта шудааст ва аз ду қисм иборат аст. Ғояи асосӣ арзишҳои оилавӣ ва робитаи байни наслҳо мебошад.



Манижа баъди бозгашт аз Роттердам дар барномаи "Шоми Ургант" меҳмон шуд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед