Ru  | Tj
Ҷавони тоҷик беҳтарин донишҷӯи хориҷӣ дар Русия шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷавони тоҷик беҳтарин донишҷӯи хориҷӣ дар Русия шуд
Акс: Аз манбаъҳои боз

Ҷавони тоҷик беҳтарин донишҷӯи хориҷӣ дар Русия шуд

Нашр шуд

Дар Маскав натиҷаҳои Ҷоизаи миллии Русия “Донишҷӯи сол-2024” ҷамъбаст шуд. 600 нафар ғолибони финалӣ аз 67 минтақа ва 290 донишгоҳи Русия дар бахшҳои гуногун барои ғолибият рақобат карданд. Дар ин бора намояндагии "Россотрудничесто" дар Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои ин манбаъ, магистри Донишгоҳи давлатии техникии Уляновск, Маҳмадалӣ Ҷӯрабеков дар бахши «Донишҷӯи хориҷӣ» ғолиб шуд.

Ҳамин тариқ, Маҳмадалӣ бо мусоидати "Россотрудничество" барои таҳсили ройгон бурсия дарёфт кард. Бояд гуфт, ки Маҳмадалӣ Ҷӯрабеков зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлони Тоҷикистон аст. Дар Донишгоҳи давлатии техникии Уляновск дараҷаи бакалаврӣ дар риштаи "Электроэнергетика ва техникаи электротехникӣ" гирифта, ҳоло таҳсилро дар магистратура аз рӯи барномаи махсус дар соҳаи электроэнергетика идома медиҳад.

Бояд гуфт, ки айни замон беш аз 30 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар донишкадаву донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд. Инчунин дар Тоҷикистон Донишгоҳи муштараки русӣ-тоҷикӣ, намояндагиҳои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов, Донишгоҳи миллии технологии тадқиқотии "MИСиС” ва Донишгоҳи миллии тадқиқотии "MЭИ" фаъолият доранд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед