Ru  | Tj
Ҷавони тоҷик дар Тотористон “Донишҷӯи сол” шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷавони тоҷик дар Тотористон “Донишҷӯи сол” шуд
Акс: Интернет

Ҷавони тоҷик дар Тотористон “Донишҷӯи сол” шуд

Нашр шуд

Ҷоизадори Гран-при имкон дорад, ки тавассути барномаи "Алгариш" таҳсилашро дар дилхоҳ донишгоҳи ҷаҳон идома диҳад.

Тавре “Русский дом” дар Душанбе иттилоъ медиҳад, Раҳматҷон Халилов, магистри Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ ва технологии Қазон (ДМТТҚ)  дар озмуни ҷумҳуриявии "Донишҷӯи сол-2022" ғолиб омада, соҳиби ҷоизаи Гран-при гардидааст.

Ба таъкиди манбаъ, ҷоизаро ба ин ҷавони тоҷик раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Андрей Турчак ва роҳбарияти Тотористон Рустам Миннихонов тақдим намудаанд.

Гуфта мешавад, Халилов ҳангоми суханронии худ дар маросими ҷоизасупорӣ арз доштааст, ки пас аз гирифтани маълумоти мукаммал қасд дорад, ба Тоҷикистон баргардад. 

Раҳматҷон зодаи шаҳри Душанбе буда, дар мактаби рақами 20-и ба номи А.С. Пушкин ва литсейи раками 1 барои хонандагони болаёқат таҳсил кардааст. 

Ёдрас мешавем, ки чанд рӯз қабл Сардори намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Иван Иванов хабар дода буд, ки Русия ба донишҷӯёни Тоҷикистон барои соли таҳсили 2022-2023 750 адад квота ҷудо кардааст. 

Айни ҳол дар Русия ҳудуди 23 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд.


Миқдори квотаҳои Русия барои донишҷӯёни Тоҷикистон 19% зиёд шуд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед