Ru  | Tj
Ҷавонону варзишгарони вилояти Суғд ба кӯмаки сокинони деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аъло рафтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҷавонону варзишгарони вилояти Суғд ба кӯмаки сокинони деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аъло рафтанд
Акс: Интернет

Ҷавонону варзишгарони вилояти Суғд ба кӯмаки сокинони деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аъло рафтанд

Нашр шуд

Имрӯз зиёда аз 70 нафар ҷавонону варзишгарони вилояти Суғд барои кӯмак ба сокинони деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ рафтанд.

Мувофиқи маълумоти саҳифаи фейсбукии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ин иқдом бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд роҳандозӣ гардида, минбаъд низ идома пайдо мекунад.

Ин гурӯҳи ҷавонон дар деҳаҳои зикршуда барои кӯмак ба мардуми зарардида аз задухӯрди марзии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба хонаҳояшон ҳузур оварда, ба ҳама намуди корҳои онҳо кӯмак намуданд.

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи задухӯрди марзии Тоҷикистону Қирғизистон хонаҳои истиқоматии сокинони 3 ҷамоати Исфара зарари зиёд дидааст. Аммо ҳанӯз Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар ин бора маълумоти мушаххас пешниҳод накардааст.


Тоҷикистону Қирғизистон то 9 май бояд 112 километр қитъаи сарҳадро муайян кунанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед