Ru  | Tj
Ҳавопаймоҳо ва чархболҳои артиши Афғонистон дар Узбекистон боқӣ хоҳанд монд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳавопаймоҳо ва чархболҳои артиши Афғонистон дар Узбекистон боқӣ хоҳанд монд

Ҳавопаймоҳо ва чархболҳои артиши Афғонистон дар Узбекистон боқӣ хоҳанд монд

Нашр шуд

Ҳавопаймоҳо ва чархболҳое, ки моҳи августи соли 2021 аз Афғонистон берун бурда шуданд, дар Узбекистон боқӣ хоҳанд монд. Дар ин бора хабаргузории Kun.uz бо истинод ба Ҷонатан Ҳеник, сафири ИМА дар Тошканд хабар додааст.

"Ин дар Узбекистон боқӣ хоҳад монд. Бале, ин алакай расмист”, - посух дод сафир ба саволи интиқоли ҳавопаймою чархболҳо аз Афғонистон ба Узбекистон.

Вай афзуд, ки ҷонибҳо алакай барномаи марбутаи муштаракро амалӣ мекунанд.

“Ин таҷҳизот ҳеҷ гоҳ аз Афғонистон набуд, аз Амрико буд. Онҳо [артиши Афғонистон] аз он истифода карданд, аммо мо ҳамеша соҳиби он будем”, - шарҳ дод сафири ИМА.

Хотиррасон мекунем, ки моҳи августи соли 2021 дар ҷараёни пешравии босуръати ҷунбиши тундрави Толибон* халабонҳои афғон бо ҳавопаймоҳо ва чархболҳои марбут ба нерӯҳои ҳавоии Афғонистон ҳамватанон ва хонаводаҳои онҳоро ба Узбекистон ва Тоҷикистон интиқол доданд.

Ин ҳавопаймо замоне аз ҷониби артиши Амрико ба нерӯҳои ҳавоии ҳукумати Афғонистон дода шуда буд.

Тибқи иттилои Вазорати дифои ИМА, 46 адад ҳавопаймоҳои интиқолшуда дар Узбекистон ва 18 адад аз Тоҷикистон аст. Дар ин миён ҳавопаймоҳои Embraer EMB 314 Super Tucano, PC-12, C-208, AC-208 ва A-29, чархболҳои Ми-17 ва UH-60 қарор дорад.

Моҳи сентябри сол гузашта Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон эълон кард, ки тамоми низомиёни собиқ ва намояндагони мардуми осоиштаи Афғонистон, ки ғайриқонунӣ вориди Узбекистон шудаанд, ба кишвари сеюм интиқол дода шудаанд. Сарнавишти ҳавопаймо номаълум боқӣ монд.

Моҳи апрели соли 2022 Исматулло Иргашев намояндаи вижаи раисиҷумҳури Узбекистон дар Афғонистон гуфта буд, ки ҳавопаймо ба мақомоти Амрико баргардонида мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Толибон* исрор дорад, ки ҳавопаймо ва чархболҳои рабудашуда бояд ба Афғонистон супурда шаванд, зеро он ин таҷҳизоти низомӣ “моли мардуми Афғонистон ҳаст”.

*-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед