Ru  | Tj
Ҳавопаймои низомии Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Афғонистон ба Ватан овард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳавопаймои низомии Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Афғонистон ба Ватан овард
Акс: Lenta.ru

Ҳавопаймои низомии Русия шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Афғонистон ба Ватан овард

Нашр шуд

Ҳавопаймои Вазорати дифои Русия дирӯз теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Афғонистон ба Ватан овард, - хабар медиҳад РИА Новости.

Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймои Русия дирӯз дар фурудгоҳи Ҳисор нишастааст, то шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки аз Афғонистон тахлия шуданд, ба Ватан фарорад.

Гуфта шудааст, ки дирӯз чаҳор ҳавопаймои Вазорати дифои Русия бо шаҳрвандони худи Русия, кишваҳои узви СААД, Ӯзбекистон ва Украина аз Кобул парвоз кардааст.

Қаблан Вазорати дифои Русия хабар дода буд, ки ин иқдом бо супориши Владимир Путин иҷро мешавад ва онҳо беш аз 500 нафарро ба ватан бармегардонанд. Дар бораи шумори дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо ҳавопаймои низомии Русия аз Афғонистон парвоз кардаанд, маълумот дода нашудааст. Сафорати Тоҷикистон ҳам дар ин бора то ҳол хабаре нашр накардааст.

Расонаҳо хабар медиҳанд, ки роҳи фурудгоҳи Кобул танҳо барои хориҷиён боз аст ва Толибон* (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо) шаҳрвандони Афғонистонро ба фурудгоҳ роҳ намедиҳанд, то фирор накунанд.

Сабаби қимматшавии чиптаҳои ҳавопаймоӣ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед