Ru  | Tj
Аввалин медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳонии ҷудо дар Душанбе

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аввалин медали Тоҷикистон дар  қаҳрамонии ҷаҳонии ҷудо дар Душанбе
Акс: аз манбаъҳои боз

Аввалин медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷаҳонии ҷудо дар Душанбе

Нашр шуд

Мунтахаби Тоҷикистон дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷаҳонии ҷудо миёни наврасон дар Душанбе соҳиби медали нуқра шуд.

Лоиқ Қутбуддинов, ҷудокори ҷавони тоҷик рӯзи 2 октябр дар қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасон медали нуқра ба даст овард.

Лоиқ дар рақобатҳо дар вазни то 60 кило рақибонаш аз Туркманистон, Мексика, Муғулистон, Қазоқистон ва Узбекистонро шикаст дода, ба марҳилаи ниҳоӣ баромад. Дар даври ниҳоӣ Лоиқ Қутбуддинов бо Ямато Фукудаи 18-солаи ҷопонӣ, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2023, рақобат карда, мағлуб шуд. Ҳамин тариқ, Лоиқ  Қутбиддинов ҷойи дуюм гирифта, медали нуқраро соҳиб шуд.

Бояд гуфт, Лоиқ Қутбуддинов дар Ҷоми Осиё дар риштаи ҷудо миёни наврасону навҷавонон, ки рӯзҳои 4-7-уми июли соли равон дар шаҳри Алмаато баргузор шуд, медали тило гирифта буд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 24 варзишгар (17 писар ва 7 духтар) шомиланд. Дар рӯзи аввали мусобиқа инчунин Хайрулло Ғанизода (-60 кг) пас аз пирӯзӣ бар рақибонаш аз Испания ва Канада, дар даври баъдӣ аз намояндаи Узбекистон мағлуб шуд.

Дар баробари ин, ҷудокорони навраси тоҷик Саъдӣ Маҳмадов (-60кг), Самиршо Муҳаббатов (-66 кг), Умар Шеров (-66 кг), Бобоҷон Муқтадирӣ (-66 кг) - дар даври муқаддамотии мусобиқа шикаст хӯрданд.

Миёни занон бошад дар рӯзи 2 октябр аз тими мунтахаби Тоҷикистон, Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кило натиҷаи беҳтар ба даст овард. Мадина бар рақибонаш аз Қазоқистону Муғулистон пирӯз шуда, дар даври чорякниҳоӣ аз намояндаи Бразилия шикаст хӯрд. Дар даври тасаллобахш бошад Мадина сабқатро ба Айдан Валиеваи озарбойҷонӣ бохт ва аз идомаи мубориза барои медали биринҷӣ маҳрум шуд.
 
Ду намояндаи дигари Тоҷикистон миёни духтарон Зуҳал Ҷумъаева ва Райҳона Розиқзода (ҳарду дар вазни то 48 кг) дар нахустин рақобати худ мағлуб шуданд.

Дар рӯзҳои баъдии мусобиқаи ҷаҳонии ҷудо миёни наврасон аз тими Тоҷикистон 11 писар ва чаҳор духтар вориди рақобатҳо мешаванд.

Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо, дар мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷаҳон байни навҷавонон дар Душанбе 531 варзишгар (290 писар ва 241 духтар) аз 67 кишвари 5 қораи олам иштирок доранд. Ин мусобиқа то рӯзи 6 октябр идома хоҳад кард.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед