Ru  | Tj
Аввалин мулоқоти вазирони умури дохилии Чину Осиёи Марказӣ баргузор шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аввалин мулоқоти вазирони умури дохилии Чину Осиёи Марказӣ баргузор шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Аввалин мулоқоти вазирони умури дохилии Чину Осиёи Марказӣ баргузор шуд

Нашр шуд

Ҳамкориҳои амниятӣ ва интизомии Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият меёбад.

Рӯзи 10 сентябр дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти фаромиллӣ, дар шаҳри Лянюнгани Чин ҷаласаи якуми вазирони амнияти ҷамъиятӣ ва корҳои дохилии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Дар кори он Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон иштирок намуд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкории дастаҷамъонаи кишварҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳияи созукори нави самарабахши ҳамкориҳои васеъ ва дигар мавзӯъҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои хабаргузории Синхуа, Ван Сяохун вазири амнияти ҷамъиятии Чин дар ин мулоқот гуфт, Пекин умедвор аст, ки тавонмандии худро дар мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои фаромиллӣ афзоиш дода, бо таваҷҷуҳ ба роҳкори амнияти умумӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ як пойгоҳи ҳамкориҳои муассир ва амалӣ бунёд кунад.

Ван Сяохун бо ишора ба он, ки Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамсояҳои хуб, дӯст, шарик ва бародар ҳастанд, таъкид кард, ки Чин дар якҷоягӣ бо тамоми ҷонибҳо омода аст аз нақши ин механизм барои эҷоди эҳсоси амнияти ҷомеа, эътимод ва таъмиқи муносибатҳои стратегӣ истифода барад.

Ба гуфтаи вазири амнияти ҷамъятии Чин, ҳамаи ҷонибҳо бояд дастгирии ҳамдигарро дар самтҳои муҳими амният тақвият бахшанд, амнияти лоиҳаҳои муҳимро дар чаҳорчӯби сохтмони муштараки «Як камарбанд, як роҳ» таъмин намуда, тавонмандии мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои фаромиллиро тақвият бахшанд.

Вай хостори эҷоди як шароити нав дар ҳамкориҳои Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи ҳифзи ҳуқуқ ва амният ва мусоидат ба ташаккули ҷомеаи наздиктари муштарак миёни Чин ва Осиёи Марказӣ шуд.

Дар ин замина зикр мешавад, ки дар ҷараёни мулоқот сарони ҳайатҳо санадҳои дахлдори ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Дар баробари ин рӯзи 10 сентябр дар ҳошияи ин ҳамоиш дар шаҳри Лянюнгани Чин, гуфтушуниди мустақими Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Ван Сяохун, вазири амнияти ҷамъиятии Чин баргузор гардид.

Дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти тақвият бахшидани муқовимат ба терроризм, экстремизм, сепаратизм, инчунин гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, силоҳ, тақвияти иқтидори дифоии марзҳои Тоҷикистон ва таҳкими заминаи моддӣ-техникии мақомоти корҳои дохилӣ баррасӣ гардиданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед