Ru  | Tj
Аввалин телевизони хусусии Афғонистон аз фаъолият монд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аввалин телевизони хусусии Афғонистон аз фаъолият монд
Акс: AIJA

Аввалин телевизони хусусии Афғонистон аз фаъолият монд

Нашр шуд

Пас аз 20 соли фаъолият дар Афғонистон телевизиони хусусии "Ойина" ба далели он ки "мушкилоти иқтисодӣ" ном бурда мешавад, пахши барномаҳоро қатъ кардааст.

Рӯзи чаҳоршанбе, 16-уми феврал Федератсияи рӯзноманигорони озоди Афғонистон (AIJA) бо нашри як баёния аз мутаваққиф шудани пахши барномаҳои телевизиони "Ойина" хабар дод ва аз вазъи бади расонаҳои Афғонистон изҳори нигаронӣ кард. Дар баёния гуфта мешавад, ки "Бар асоси арзёбиҳо мо бори дигар нигаронии худро аз вазъи бади расонаҳои Афғонистон баён мекунем ва аз созмонҳои байналмилалӣ, ки барои таҳкими озодии баён ва расонаҳо кор мекунанд, даъват мекунем, то барои ҷилавгирӣ аз фурӯпошии ҷомеаи расонаҳои Афғонистон ҳамкорӣ кунанд."

Телевизиони хусусии "Ойина" дар соли 2001 пас аз суқути нахустин ҳукумати Толибон* бо маблағгузории маршал Абдуррашид Дӯстум, раҳбари Ҳизби ҷунбиши миллӣ ва муовини собиқи раисҷумҳури Афғонистон ба фаъолият шурӯъ кард.

Телевизиони “Ойина” нахустин телевизиони хусусӣ дар Афғонистон маҳсуб мешавад, ки замоне яке аз пуртамошобинтарин расонаҳои Афғонистон, бахусус дар шимоли ин кишвар буд.

“Ойина” нахуст аксари барномаҳои худро ба забони ӯзбекӣ пешкаш мекард, вале баъдан барномаҳои мухталиф ба забонҳои дарӣ (форсӣ - тоҷикӣ) ва пашту низ  таҳия ва пахш шуданд. Ин расона ошкоро аз мавзеъгирии сиёсии Абдуррашид Дӯстум пуштибонӣ карда, бештари барномаҳои худро ба зиндагӣ ва вазъи пойтахт ва шимоли Афғонистон тамаркуз медод.

Бо омадани Толибон аксари расонаҳои Афғонистон дучори мушкили молӣ ва сиёсӣ шудаанд ва ба ҳолати баста шудан рӯ ба рӯ ҳастанд.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


Ояндаи норӯшани таҳсил дар Афғонистон



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед