Ru  | Tj
Ҳайати гӯштингирони Тоҷикистон барои ширкат дар нахустин қаҳрамонии ҷаҳон маълум шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳайати гӯштингирони Тоҷикистон барои ширкат дар нахустин қаҳрамонии ҷаҳон маълум шуд
Акс: varzishtv.tj

Ҳайати гӯштингирони Тоҷикистон барои ширкат дар нахустин қаҳрамонии ҷаҳон маълум шуд

Нашр шуд

Дар аввалин Қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гӯштини миллӣ - "Гӯштингирӣ" дар шаҳри Душанбе 18 нафар паҳлавонони Тоҷикистон рақобат хоҳанд кард.

Рӯзҳои 30-31 август дар шаҳри Душанбе аввалин қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гӯштини миллӣ - "Гӯштингирӣ" доир мегардад. Дар ин бора сомонаи varzishtv.tj иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи Хуршед Ибайдуллоев, сармураббии тими мунтахаби гӯштингирии Тоҷикистон, ин кишварро дар сабқати ҷаҳонӣ 18 нафар варзишгар – дар ҳар вазн дунафарӣ намояндагӣ мекунанд.

Ҳамин тариқ ба тими мунтахаби Тоҷикистон Шаҳбоз Саидаброров, Муллораҷаб Халифаев (65 кг), Аҳмад Масъуд, Мирзоҷамил Рамазонов (71 кг), Раҳматуллобек Фарҳодов, Қоим Шукронов (78 кг), Умар Расулов, Ҳақназар Назаров (86 кг), Улуғбек Раҳимов, Кароматулло Ҳакимов (95 кг), Шариф Назриев, Шакармамад Мирмамадов (+95 кг) миёни мардҳо; Мадина Қурбонзода, Рӯзигули Ҳасан (52 кг), Ҷонона Назарова, Шоҳида Қаландарова (70 кг), Мавлуда Одинаева, Сабрина Холова (+70 кг) миёни бонувон шомил шуданд.

Гуфта мешавад, ки дар аввалин Қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гӯштини миллӣ - "Гӯштингирӣ" дар шаҳри Душанбе зиёда аз 200 варзишгар аз 60 кишвари ҷаҳон иштирок хоҳанд кард. Паҳлавонон дар 9 вазн - 3 вазн миёни занон ва 6 вазн миёни мардон сабқат хоҳанд кард.

Маблағи умумии ҷоизаҳои пулии ин мусобиқа 400 ҳазор доллар аст. Дар ҳамаи вазнҳо ба ғолибон 20 000 доллар, барандагони медали нуқра 10 000 ва медали биринҷӣ 5 000 доллар тақдим мешавад. Инчунин, дастаҳое, ки аз ҳисоби медалҳо се ҷои аввалро мегиранд, мутаносибан 5000, 3000 ва 2000 доллар ҷоизапулӣ мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта шаҳри Душанбе мизбони аввалин Қаҳрамонии Осиё дар риштаи гӯштини миллии "Гӯштингирӣ" буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед