Ru  | Tj
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ дар шаҳри Москва иштирок варзид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ дар шаҳри Москва иштирок варзид
Акс: Sputnik

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ дар шаҳри Москва иштирок варзид

Нашр шуд

Дар нишасти шӯро як қатор лоиҳаҳо ҷиҳати татбиқи “Барномаи байнидавлатии равобити инноватсионии кишварҳои иштирокдори ИДМ дар давраи то соли 2030” пешбарӣ гардиданд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, 3 рӯз қабл, ҳайати кишвари Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Сарвазир Давлаталӣ Саид дар пойтахти Русия дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил иштирок намуд.

Гуфта мешавад, ки дар доираи вохӯрии роҳбарони ҳайатҳо масъалаҳои ҷории ҳамкории иқтисодӣ дар фазои ИДМ муҳокима шуд.

Дар чаҳорчӯби нишаст, ҳамчунин лоиҳаҳои “Консепсияи рушди стратегии нақлиёти роҳи оҳан то соли 2030” ва нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2021-2025 бо мақсади амалишавии “Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии кишварҳои иштирокдори ИДМ дар давраи то соли 2030” мувофиқа шуда, барои шомил намудан ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо пешниҳод шуд.

Илова бар ин, мақомоти созмон оид ба ҳамкориҳои соҳавӣ ҳисобот додааст.

Ҳамчунин, роҷеъ ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдори Шӯро қабул гардидааст.

Иттиҳоди давлатҳои мустақил соли 1991 таъсис ёфта, аксари кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ иштирокдори он мебошанд.




Ширкатҳои нассоҷии Тоҷикистон маҳсулоти худро ба намоишгоҳи байналмилалии Маскав бурдан

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед